«ҚАДРШИНОСИИ ҲУНАРИ АСИЛ». Дар Душанбе Синамоҷоизаи дуюми миллии «Тоҷи Сомон» доир мегардад

Сентябрь 9, 2024 18:37

ДУШАНБЕ, 09.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик (16 октябр) аз 15 то 18 октябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе таҳти шиори «Қадршиносии ҳунари асил» Синамоҷоизаи дуюми миллии «Тоҷи Сомон» баргузор мегардад.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.

Синамоҷоизаи миллӣ бо мақсади ба таври шоиста муаррифӣ намудани манфиатҳои миллӣ, тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ, ифтихор аз миллати созанда, тавсифи табиати зебои диёр, ҷалби сайёҳон, дарёфти истеъдодҳои нодир дар соҳаи синамо дар доираи «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» доир шуда, ба тарғиби дастовардҳои замони истиқлол, махсусан рушду шукуфоии босуръати шаҳри Душанбе мусоидат менамояд.

Дар Синамоҷоизаи дуюми миллии «Тоҷи Сомон» филмҳои ҳунарӣ, мустанад, бадеии кӯтоҳ ва тасвирии миллӣ намоиш дода мешаванд.

Ҳамчунин ба барномаҳои гуногуни он филмҳои пурра, кӯтоҳи бадеӣ, мустанад ва тасвирӣ, ки давоми солҳои 2023-2024 рӯйи навор омадаанд, метавонанд пешниҳод шаванд.

Филмҳо дар қолаби МР-4 (Н 264), DCP ё бо шакли электронӣ ба забони асл бо зерматнҳои англисӣ ва русӣ дар суроғаи Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25, ё почтаи элетронии tajikfilm@gmail.com то 20 сентябри соли 2024 қабул карда мешаванд.

Барои муайян намудани беҳтарин филмҳо дар бахшҳои «Озмунҳои миллии филмҳо» ва тақдими ҷоизаҳо ба онҳо ҳайати ҳакамони байналмилалӣ ва миллӣ иборат аз муътабартарин филмсозон, мунаққидон ва пажуҳишгарони фарҳанги синамоӣ даъват мегардад.

Ёдовар мешавем, ки Синамоҷоизаи якуми миллии Душанбе — «Тоҷи Сомон» соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд.

АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»

Сентябрь 9, 2024 18:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст