Ҳайати Чин дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
ДУШАНБЕ, 24.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии аъзои Бюрои сиёсӣ, Котиби шуъбаи сиёсӣ ва ҳуқуқии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Чин Чен Вэнтсин, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, бо мақсади шиносоӣ бо таъриху тамаддуни халқи тоҷик ба Осорхонаи миллӣ омад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва омода намудани кадрҳои илмӣ Алишер Зарипов иттилоъ дод.
Меҳмонон тавассути тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ бо давраҳои пурифтихори таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик, аз ҷумла ёдгориҳои асри санг, асри биринҷ, фарҳанги зардуштӣ, давлатдориҳои Ҳахоманишиён, Юнону Бохтар, Кушониён, Сосониён, Ҳайтолиён, бозёфтҳои нодири Панҷакенти қадиму Истаравшан, нусхаҳои дастнавис ва чопи сангии ниёгон, давлатдории Сомониён ва ёдгориҳои нодири ин давра дар мисоли қасри Ҳулбук ва Меҳроби Искодар, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, таърихи нав ва навтарини халқи тоҷик ва толори «Туҳфаҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» аз наздик шинос шуданд.
Котиби Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Чин баъд аз тамошои толорҳои намоишӣ таассуроташро дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллӣ сабт намуд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид






