Ҷавонони синни даъватӣ бо ихтисоси мутахассис-ронандаи мошинҳои гаронвазн ба хизмати Ватан мераванд

Сентябрь 29, 2024 13:31

ТУРСУНЗОДА, 29.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Барои омода намудани ронандагони мутахассис дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ имрӯзҳо дар Мактаби муттаҳидаи техникии шаҳри Турсунзода аз ҳисоби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 80 нафар ҷавонони синни даъватӣ касби ронандагии дараҷаи «С» ва «С-акумуляторчӣ» мехонанд. Аз ин шумора 30 нафар аз шаҳри Турсунзода, 30 нафар аз шаҳри Ҳисор ва 20 нафар аз ноҳияи Шаҳринав мебошанд, ки дар маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ҳамроҳ мегарданд. Дар ин хусус муовини сардори Мактаби муттаҳидаи техникии шаҳри Турсунзода Аъзам Саидзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.

Масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода гуфтанд, ки «аз ҳисоби ҳукумати шаҳри Турсунзода имрӯзҳо аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 270 нафар ҷавонони синни даъватӣ аз рӯйи касби мутахассис — ронандаи дараҷаи «С» дар Мактаби муттаҳидаи техникии шаҳр таҳсил доранд, ки дар иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳри Турсунзода нақши асосӣ доранд».

Роҳбарияти  Мактаби автомобилии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа дар шаҳри Ваҳдат гуфтанд, ки «тибқи нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ, дар фасли тирамоҳ аз ҳисоби Вазорати мудофиа 45 даъватшаванда аз шаҳрҳои Ваҳдату Роғун ва ноҳияи Файзобод дар давраи омӯзишӣ ҳамчун мутахассис- ронандаи мошинҳои гаронвазн хонда истодаанд».

Аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат 270 даъватшаванда имрӯзҳо касби ронандагӣ меомӯзанд, ки ҳамаи онҳо ба таври ихтиёрӣ ҳамчун мутахассис дар даъвати ҳарбии тирамоҳӣ ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ мегарданд».

Тибқи иттилои масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат,  имрӯзҳо 421 нафар даъватшавандагон ба таври ихтиёрӣ барои пайвастан ба сафи Артиши миллӣ ба Камисариати ҳарбии шаҳр  муроҷиат намудаанд.

Сентябрь 29, 2024 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад