Бахшида ба Истиқлолияти давлатӣ ба кормандони соҳаи илм мукофотҳои давлатӣ супориданд
ДУШАНБЕ, 05.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 4 сентябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 33 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба олимону академикони муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мукофотҳои давлатӣ супорида шуданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, мукофотҳои давлатиро аз номи Президенти ҷумҳурӣ ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода супорид.
Абдулло Раҳмонзода аз корнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ ёдовар шуд.
Иброз гардид, ки пешрафти ҳар миллатро рушди илм инъикос мекунад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба илм ва маориф таваҷҷуҳи хосса доранд ва аз ғамхориҳои пайвастаашон дар ин самт ҳамагон баҳраманд гардидаанд.
Ҳозирин даъват шуданд, ки дар пешрафти илми тоҷик дар дохил ва дар арсаи байналмилалӣ саҳм гузоранд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






