Бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 21.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. 20 сентябр дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ, ки ҳамасола 22 сентябр таҷлил мегардад, ҳамоиш ва барномаи фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода хабар доданд.
Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ иброз дошт, ки аз соли 2002 инҷониб дар Тоҷикистон бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 22 сентябр Рӯзи Рӯдакӣ бо баргузории конфронсҳо, суҳбату ҳамоиш ва мулоқот бо аҳли фарҳангу адаб ҷашн гирифта мешавад. Аҳли илми тоҷик чунин тадбирро имконе барои боло бурдани ҷойгоҳи Рӯдакӣ дар байни ҷомеа ва дар амри шинохти бештари насли ҷавон аз осори ин шоири тавоно медонанд. Пешвои миллат чунин таъкид намудаанд: «Устод Рӯдакӣ нахустин шоири дар ҳақиқат миллии тоҷик буда, бо эҷоди ашъори олӣ, таблиғи арзишҳои бузурги ахлоқиву фалсафӣ ва корбасти калимаву таркибҳои содаву равони тоҷикӣ шеъри моро ба маснади шоҳӣ бардошт ва кохи пурҷалолу бегазанди адабиёти тоҷикро бунёд гузошт».
Иброз гардид, ки агар дар таърихи пурифтихори миллати соҳибтамаддун ва куҳанбунёди мо Исмоили Сомонӣ бо бунёди аркони давлатдории миллӣ, гиромӣ доштани фарҳангу арзишҳои маънавии ниёгон ва ба сатҳи давлатӣ бардоштани забони тоҷикӣ хизматҳои шоён карда бошад, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо осори гаронбаҳо, сухани равону шево ва дурдонаҳои нодири ашъораш ба адабиёти тоҷик асос гузошт. Устод Рӯдакӣ на танҳо ба унвони поягузори шеъри тоҷикӣ, балки ба сифати мубаллиғи фарҳанги миллӣ дар қаламрави тамаддуни ориёӣ ҷойгоҳи махсус дорад.
Устод Рӯдакӣ ҳамчун тараннумгари накӯкорию адолат, дӯстию рафоқат, сулҳу субот ва муҳаббат байни одамон шуҳрат ёфта, бо унвонҳои волои Одамушшуаро, Султони мулки сухан, Соҳибқирони шоирон, Сардафтари шеъри ноби тоҷик ёд мешавад. Устод дар асрҳои минбаъда аз ҷониби тазкиранависону адибон бо беш аз 50 унвони ифтихорӣ ёд шудаву бо сифатҳои зиёде васф шудааст. Дар сарчашмаҳо ва асарҳои таҳқиқотӣ миқдори ашъори шоир ба таври гуногун 130 ҳазор байт, 180 ҳазор байт, 800 ҳазор байт ва ниҳоят 1 миллиону сесад ҳазор байт ба қалам дода шудааст. Шеъру адабиёти асил ва сарчашмаҳои маънавӣ бо марзҳои замонию маконӣ маҳдуд нестанд. Шеър бояд чунон офарида шавад, ки дили хонанда ва шунавандаро тасхир созад ва зиндагии ҷовидона пайдо намояд. Аз ин лиҳоз, донишмандон, пажуҳишгарон ва соҳибназарон шеъри Рӯдакиро ҳамчун намунаи олии бадеияту назокати шеъргӯӣ ва ҳунари суханварӣ эътироф кардаанд.
АКС: Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода








Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Мутахассисони соҳа бояд, ки истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд»
ЗАБОНИ МОДАРИИ МО—ЗАБОНИ ШИРИНУ ШЕВО ВА ШОИРОНАИ ТОҶИКӢ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Вазирони корҳои дохилии ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд






