Байни вилоятҳои Хатлон ва Сурхандарё ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ густариш меёбад

Сентябрь 26, 2024 15:10

ДУШАНБЕ, 26.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 26 сентябр, аъзои ҳайати вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Узбекистон сафар намуда, оид ба таҳкими ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангию гуманитарӣ мубодилаи таҷриба намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар доданд.

Нахуст аъзои ҳайати вилояти Хатлон ҳамроҳ бо раиси вилояти Сурхондарё Улуғбек Қосимов бо Минтақаи озоди тиҷоратии «Айритом», воқеъ дар шаҳри Тирмизи Ҷумҳурии Узбекистон шинос шуданд. Аъзои ҳайати вилояти Хатлон дар ин ҷо бо натиҷаҳои ислоҳот дар самти рушди саноати муосир, дастгирии тиҷорати хусусӣ ва истеҳсолоти кишоварзӣ шинос шуданд.

Иброз гардид, ки имкони вуруду хуруҷ ба ҳудуди марказ давоми 15 рӯз бе гирифтани раводид ва тиҷорат бо 7 асъори хориҷӣ барои ҳамаи шаҳрвандони кишвар фароҳам оварда шудааст. Ин барои афзоиши ҳаҷми муомилоти мол байни вилоятҳои Сурхондарё ва Хатлон замина фароҳам меорад.

Ҳамчунин масъалаи ҷалби тоҷирони тоҷик ба ин марказ ва густариши равобити тиҷоратӣ на танҳо байни ду давлат, балки бо кишварҳои ҷаҳон низ таъкид шуд.

Дар Минтақаи озоди тиҷоратии «Айритом» тоҷирон аз Афғонистон, Чин, Арабистони Саудӣ, Эрон ва Покистон ба кор машғул ҳастанд. Ҳудуди он 36 гектарро ташкил дода, дар чор блоки савдо 400 мағоза ҷойгир аст.

Иттилоъ дода шуд, ки «Айритом» дорои маҷмааи савдо, биноҳои истеҳсолӣ ва анбор, инчунин маркази логистикӣ буда, дар ин ҷо меҳмонхона, дармонгоҳи тиббӣ ва маркази таълимӣ мавҷуд мебошад.

Раиси вилояти Хатлон зимни шиносоӣ аз дурнамои рушди ҳамкории байниминтақавии тиҷоративу иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, инчунин ҳамгироии захираҳо ва имконияти технологии истеҳсолкунандагони ду минтақа ёдовар шуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Сентябрь 26, 2024 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд