Чат-боти Доно доир ба кор бо муроҷиати муштариён маълумот медиҳад

Сентябрь 17, 2024 10:53

ДУШАНБЕ, 17.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар замимаи мобилии «МегаФон Life» ва Telegram имконияти фавран ба даст овардани маълумот оид ба сатҳи баррасии дархостҳои муштариён пайдо шуд. Дар ин хусус чат-боти Доно маълумот медиҳад.

Ҳамарӯза садҳо нафар муштариён ба ширкати «МегаФон Тоҷикистон» бо масъалаҳои марбут ба фаъолияти телеком-хизматрасониҳо, хоҳиши санҷидани сифати алоқа ё баргардонидани пардохте, ки иштибоҳан ба рақами нодурусти мобилӣ гузаронида шудааст, муроҷиат менамоянд. Ҳар дархост ҳаматарафа баррасӣ ва ба қайд гирифта мешавад ва муштарӣ дар ин бора SMS-паёмак ба даст меорад. Лекин акнун маълумот оид ба ҳолати дархост нисбатан пурра гардида, зудтар расонида мешавад. Барои дастрас кардани он чат-боти Доно, ки ба муштариён дар телеграм-шабакаи @megafon_dono_bot ва замимаи мобилии «МегаФон Life» хизмат мерасонад, кумак менамояд.

Дар «МегаФон Life» зарур меояд, ки ба қисми «Мушовир» гузашта, сипас тугмаи «Ҳолати дархостҳои Шумо»-ро пахш намоед. Он дар ҳолате инъикос меёбад, ки агар муштарӣ давоми 30 рӯзи охир ба ширкат муроҷиат карда бошад.

Дар шабакаи телеграм роҳ чунин аст: «Меню» – «Хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ» – «Дархостҳои Шумо давоми 30 рӯзи охир».

Доно чунин маълумотро пешниҳод мекунад: санаи бақайдгирӣ ва ID-и дархост, ҳолати он: «Мавриди баррасии шуъбаи соҳавӣ қарор дорад», «Аз ҷониби мутахассисони техникӣ ҳал шуда истодааст» ё «Баста шуд».

Дархостҳо аз рӯйи мавзуъҳои «Интернет», «Интернети хонагӣ», «Алоқаи мобилӣ», «Нархгузорӣ», «Хизматрасонӣ ба мизоҷон», «Фаъолияти хизматрасониҳо» ва «Замимаи Life» гурӯҳбандӣ карда шудаанд. Агар муштарӣ якчанд дархостро аз рӯйи як мавзуъ ба қайд гирифта бошад, ҳамаи онҳо вобаста ба санаи воридшавӣ нишон дода мешаванд. Дархости аз ҳама нав дар сатри болоӣ ҷой мегирад. Бо гузашти 30 рӯз ҳолати дархост дигар дар феҳрист инъикос намеёбад.

Раванди кор бо дархостҳои худро пайгирӣ кардан мехоҳед? – чат-боти Доноро истифода намоед!

АКС: ширкати МегаФон Тоҷикистон

Сентябрь 17, 2024 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст