ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2024. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал муайян гардид
ДУШАНБЕ, 12.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳайати ниҳоии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон-2024, ки аз 14 сентябр то 6 октябр дар Узбекистон баргузор мешавад, 14 нафар – 2 дарвозабон ва 12 бозигари майдон дохил шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон-2024 оид ба футзал дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба гурӯҳи «Е» дохил гардид.
Ҳарифони дастаи яккачини мо дастаҳои мунтахаби Марокаш (16 сентябр), Португалия (19 сентябр) ва Панама (22 сентябр) мебошанд. Ду бозии аввали дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Тошканд ва вохӯрии сеюм дар Бухоро доир мешаванд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид






