ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал нахустин бозиро анҷом дод

Сентябрь 17, 2024 08:52

ДУШАНБЕ, 17.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал нахустин бозиро дар Чемпионати ҷаҳон-2024 доир намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дастаи Тоҷикистон дар бозии ифтитоҳии даври аввали гурӯҳи «Е» бо чемпиони Африқо – дастаи мунтахаби Марокаш вохӯрд. Бозӣ бо ҳисоби 4:2 ба фоидаи футзалбозони Марокаш анҷом ёфт.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон 19 сентябр дар доираи даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2024 бо чемпиони феълии ҷаҳон – дастаи яккачини Португалия, ки дар  даври якум бар тими Панама бо ҳисоби 10:1 пирӯз шуд, рақобат мекунад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Сентябрь 17, 2024 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд