ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2024. Шоми имрӯз дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Португалия оид ба футзал бозӣ мекунанд

Сентябрь 19, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 19.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 19 сентябр дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар доираи даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2024 бо чемпиони феълии ҷаҳон – дастаи мунтахаби яккачини Португалия, ки дар даври якум бар дастаи мунтахаби Панама бо ҳисоби калони 10:1 пирӯз шуд, рақобат мекунад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Хотиррасон мешавем, ки чанд рӯз пеш дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал нахустин бозиро дар Чемпионати ҷаҳон-2024 доир намуд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии ифтитоҳии даври аввали гурӯҳи «Е» бо чемпиони Африқо – дастаи мунтахаби Марокаш вохӯрд. Бозӣ бо ҳисоби 4:2 ба фоидаи футзалбозони Марокаш анҷом ёфт.

Рақобати охирини дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Панама 22 сентябр доир мегардад.

Ду бозии аввали дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар шаҳри Тошканд ва вохӯрии сеюм дар шаҳри Бухоро баргузор мешаванд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Сентябрь 19, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад