«ДАҲСОЛАИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА». Бо ҷонибдорӣ аз ташаббуси навбатии Президенти Тоҷикистон конференсия доир шуд

Сентябрь 26, 2024 14:54

ДУШАНБЕ, 26.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. 25 сентябр дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба ҷашнҳои муҳими давлатӣ: 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ дар мавзуи «Саҳми Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу экология ва вазъи иҷтимоии сокинони сайёра» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ иттилоъ доданд.

Дар конференсия вакилони  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуҳои «Мавқеъ ва саҳми Тоҷикистон дар пешбурди сиёсатҳои глобалии об ва нақши мақоми қонунгузорӣ дар ин самт» ва «Захираҳои об ва ҳамоишҳои ҷаҳонӣ» маъруза намуданд.

Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода дар мавзуи «Тоҷикистон-давлати ташаббускор дар ҳалли масоили марбут ба обу иқлим маърузаи илмӣ намуд. Мавсуф, аз ҷумла изҳор намуд, ки «мояи ифтихору сарфарозии мо аст, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 сентябри соли 2024 дар ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид иштирок ва суханронӣ намуда, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар пешниҳод намуданд, ки бо мақсади таъмини сулҳи пойдор дар тамоми кураи Замин ва хотима бахшидан ба ранҷу азоби одамон бар асари ҷангҳо ва пайомади даҳшатбори он Қатънома дар бораи «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул карда шавад».


Ин ташаббуси навбатӣ бори дигар аз мақому манзалати бузурги Пешвои миллатамон дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳони имрӯза ва бе тафовут набудан ба дарди ҷомеаи ҷаҳонӣ башорат медиҳад, зеро воқеан имрӯз вазъи геополитикии ҷаҳон дар ҳолати ҳассос ва хеле хатарнок қарор дорад.

Вобаста ба ин ягона роҳи бурунрафт ва ҳифзи инсонияту сайёра танҳо бо қабули қатънома ба ҳамин пешниҳод метавонад ба ин раванд хотима диҳад ва тамаддуни инсониро наҷот бахшад.

Дар анҷоми конференсия навор оид ба ташаббуси навбатии башардӯстонаи Пешвои миллат дар Созмони Милали Муттаҳид оид ба пешниҳоди «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» намоиш дода шуд. Иштирокдорони конференсия онро тамошо ва аз он истиқболу дастгирӣ намуданд.

АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Сентябрь 26, 2024 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд