Дар даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» 268 нафар иштирок менамояд

Сентябрь 24, 2024 15:19

ДУШАНБЕ, 24.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз, 24 сентябр дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид, ки то 28 сентябр идома меёбад.

Дар озмун 268 довталаб аз муассисаҳои миёна ва олии касбии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок менамояд.

Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода  иброз дошт, ки «баргузории ин озмун метавонад яке аз сарчашмаҳои асосии ҳавасманднамоии ҷавонон ба омӯзиши ҳаматарафаи давлатдории Пешвои миллат ва шинохти таъхири тоҷикон гардад. Мақсад аз баргузории озмун омӯзиши ҳарчи бештари асарҳои Пешвои миллат ва тарғиби сиёсати пешгирифтаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тамоми гурӯҳҳои ҷомеа мебошад».

Иштирокчии Озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат»- донишҷӯи курси сеюми Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон  Манижа Пулодова дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки дар маҷмуъ 34 китоб ва мақолаҳои Пешвои миллат, аз ҷумла «Чеҳраҳои мондагор», «Тоҷикон дар оинаи таърихи миллат» ва «Забони миллат-ҳастии миллат»-ро мутолиа намудааст.

«Ман аксари китобҳои Пешвои миллатро мутолиа намудаам, ки асосан дар онҳо доир ба давраи ташаккул ва ба вуҷуд омадани халқи тоҷик, густариши забони модарӣ ва дигар масъалаҳои таърихии халқи тоҷик сухан меравад. Хонанда ҳангоми хондан аз таърих, фарҳанг ва забони халқи тоҷик огоҳии дақиқ ва бештар пайдо менамояд. Ин хонандаро водор месозад, ки ба оянда бо назари нек бингарад»,-иброз дошт Манижа Пулодова.

Ӯ боварӣ дорад, ки сазовори яке аз ҷойҳои намоён мегардад, зеро барои иштирок дар озмун тайёрии ҷиддӣ дидааст.

Мудири кафедраи бойгонишиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Майрам Маҳмадазимова иброз дошт, ки ин озмунро дар донишкада бо иштироки доираи васеи донишҷуён баргузор намуданд ва се нафари онҳо ба даври дуюм роҳат гирифтанд. Имрӯз онҳо дар назди ҳакамон донишу маҳорат нишон доданд.

«Баргузории чунин озмунҳо байни ҷавонон барои шинохти миллат ва давлат муҳим аст. Солҳои охир сафи ҷавонони китобхон зиёд мегардад, ки ин нишони таваҷҷуҳ зоҳир намудани ҷавонон ба китобу китобхонӣ мебошад. Далели ин гуфтаҳо иштироки наврасону ҷавонон дар чунин озмунҳо мебошад»,-афзуд Майрам Маҳмадазимова.

Ҷойи якум дар озмун ба иштирокчие дода мешавад, ки  беш аз 90% асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмонро мутолиа ва ҳифз намудааст.

Ғолибони даври дуюм (ҷойҳои 1,2,3,) баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба ихтисоси интихобкардаашон барои идомаи таҳсил, зинаи магистратура ва маълумоти дуюми олӣ ба муҳлати се сол бе супоридани имтиҳон ба тариқи ройгон ва тибқи тавсияномаи Вазорати  маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои касбии баъд аз муассисаи олии таълимии мамлакат қабул карда мешаванд. Тартиби қабулро Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон муайян мекунад.

Ғолибон ба ду гурӯҳ ҷудо карда мешаванд: ғолибони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ. Барои ғолибон ба ин тартиб мукофотҳои пулӣ таъйин шудааст:

Барои ҷойи якум – 20 000 сомонӣ (ба ҳар яке аз ғолибон)

Ҷойҳои дуюм – 15 000 (ба ҳар яке аз ғолибон)

Ҷойҳои сеюм– 7 500 сомонӣ (ба ҳар яке аз ғолибон).

Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» аз 24 то 28 сентябр дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» бо ду забон: тоҷикӣ ва русӣ баргузор мегардад.

 Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 24, 2024 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба рушди соҳаи телевизион ва радио байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Қирғизистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор мешаванд
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қирғизистон баргузор мегарданд
Иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии Хутали қадим бо мавзеъҳои таърихии ноҳияи Ховалинг шинос шуданд
Иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии Хутали қадим бо ҳафриёти бостоншиносӣ дар шаҳристони Ҳулбук шинос мешаванд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ШАШМАҚОМ. Дар Суғд таҳти унвони «Ушшоқи Раҳмонӣ» фестивал–озмуни байналмилалӣ доир шуд
Имрӯз дар Бохтар Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим — пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии Осиёи Марказӣ» оғоз мегардад
«Барномаи давлатии рушди адабиёти бачагона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
Аз 10 то 14 май Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим — пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии Осиёи Марказӣ» доир мегардад
Имрӯз дар Душанбе ғолибони Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» муайян мегарданд
ЁДИ ШОИР. Дар Ҳисор ба ифтихори 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода маҳфили адабӣ доир шуд
7 МАЙ — РӮЗИ ТЕЛЕВИЗИОН, РАДИО ВА КОРМАНДОНИ СОҲАИ АЛОҚА. Рушди соҳаи иттилоот ва алоқа дар Тоҷикистон ба рақамикунонии миллӣ равона гардидааст