Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Тоҷикобод 2,8 баробар афзоиш ёфт

Сентябрь 12, 2024 18:30

ДУШАНБЕ, 12.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати мамлакат ва заҳмати софдилонаи кишоварзони ноҳия рушди бомароми соҳаи кишоварзӣ таъмин гардида, дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа 2,8 баробар, аз ҷумла маҳсулоти растанипарварӣ 2,7 ва маҳсулоти чорводорӣ 3 баробар афзоиш ёфт. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Тоҷикобод иброз доштанд.

Гуфта шуд, ки Тоҷикобод асосан ноҳияи кишоварзӣ мебошад. Кишоварзӣ соҳаи афзалиятноки ноҳия ба ҳисоб рафта, барои таъмини амнияти озуқаворӣ, дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ нақши муҳим дорад.

Тибқи маълумоти оморӣ, давоми солҳои 1991 – 2023 дар ноҳия истеҳсоли ғалладонагиҳо 2,7 баробар, картошка 2,7, сабзавот 15, мева 22, гӯшт 2,5 ва асал 23 баробар зиёд гардид.

Ба андешаи Сарвари давлат, ин албатта, кори хуб аст, зеро дар баробари афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот инчунин ба зиёд гардидани ҷойи кор барои сокинони ноҳия мусоидат намудааст.

Ҳамзамон изҳор гардид, ки боғдорӣ яке аз самтҳои даромадноки ноҳия ба ҳисоб рафта, дар солҳои соҳибистиқлолӣ масоҳати боғҳо қариб 1200 гектар афзоиш ёфтааст.

Пешвои миллат баён доштанд, ки дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод ва умуман водии Рашт боғдорӣ, парвариши картошка, занбӯриасалпарварӣ ва чорводорӣ соҳаҳои сердаромад буда, дар таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасӣ ба ғизои хушсифат, инчунин тақвияти иқтидори содиротии мамлакат нақши муассир доранд. Бо вуҷуди ин пешравиҳо Роҳбари давлат таъкид намуданд, ки захираву имконияти ноҳияи Тоҷикобод барои  зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироат ҳанӯз ҳам ба таври зарурӣ истифода нашудаанд.

Вобаста ба ин Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва вазорату идораҳои дахлдорро вазифадор намуданд, ки дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Сентябрь 12, 2024 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад