Дар доираи татбиқи лоиҳаи «Барқикунонии деҳоти Тоҷикистон» беш аз 60 деҳаи дурдасти Бадахшон бо барқ таъмин мегардад

Сентябрь 26, 2024 14:16

ДУШАНБЕ, 26.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи  лоиҳаи «Барқикунонии деҳоти Тоҷикистон (TREP)» дар Вилояти  Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 62 деҳаи бебарқи минтақаҳои дурдасти вилоят бо барқ таъмин мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон.

Қисмати бештари ин деҳаҳо дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб ҷойгир мебошанд. Корҳо дар доираи амалисозии лоиҳаи «Барқикунонии деҳоти Тоҷикистон» 13 ноябри соли 2019 оғоз гардида, то моҳи декабри соли 2025 пурра бояд ба анҷом расанд.

Лоиҳа аз ду марҳила иборат буда, марҳалаи якуми он соли 2021 ба итмом расид. Дар марҳилаи якум  27 деҳаи бе барқ ва 1114 муштарӣ тавассути кашидани хатҳои интиқол ва тақсими неруи барқи 10 ва 0,4кВ бо насби зеристгоҳҳои трансформатории хурд ва гузарондани ноқилҳои дарунӣ ба неруи  барқ пайваст гардиданд.

Дар марҳилаи дуюм, ки соли 2021 оғоз ёфт, сохтмони шабакаҳои хурди автономӣ бо истифодаи панелҳои офтобӣ дар якҷоягӣ бо низоми батареявӣ ва неругоҳи бодӣ дар назар аст. Дар ин марҳила 1928 сокини деҳоти дурдасти ноҳияҳои Мурғоб, Рӯшон, Дарвоз, Ванҷ ва Роштқалъа бо неруи барқ таъмин мегарданд.

Тибқи лоиҳа, ширкати «Помир Энерҷӣ»  дар ин давра сохтмони 13 неругоҳи барқи обӣ, 30 неругоҳи офтобиро бо низоми батареяҳо ва неругоҳи барқии бодии 200кВт ба нақша гирифтааст, ки иқтидори умумии онҳо 14 мВт-ро ташкил хоҳад дод. Ширкати  «Помир Энерҷӣ» ният дорад, ки то охири соли 2024 боз 7 неругоҳи барқи офтобиро дар якҷоягӣ бо системаҳои батареявӣ бо иқтидори умумии 5,3 мВт дар деҳаҳои Аличор, Башгумбез, Булункӯл, Чечекде, Оқтал, Мамадзоири ноҳияи Мурғоб ва деҳаи Харгӯшии ноҳияи Ишкошим сохта, ба истифода диҳад.

Ноҳияи Мурғоб минтақаи баландкӯҳ буда, деҳаҳои он аз ҳамдигар дар масофаи 150-200 км ҷойгир мебошанд. Аз ин рӯ, сохтмони иншооти барқӣ, аз ҷумла кашидани хатҳои барқӣ ба ин деҳаҳо хароҷоти калон талаб мекунад.

Соли 2018 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Мурғоб  Неругоҳи барқи обии «Тоҷикистон» баъди навсозӣ ва таҷдид ба истифода дода шуд, ки он маркази ноҳия ва деҳоти атрофро бо барқ таъмин намуд. Вале деҳоти дурдаст, ҳатто наздиктарин нуқтаи аҳолинишин ба маркази ноҳия – деҳаи Мамадзоир ҳанӯз ба барқ дастрасӣ надошт. Аз ин рӯ, бо дастури Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамдастӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ширкати «Помир Энерҷӣ» тасмим гирифтанд, ки дар минтақаҳои дурдаст барқкунонии алтернативӣ, яъне ба тариқи энергияи барқии офтобӣ ва бодӣ ба роҳ монда шавад. Таҷриба нишон дод, ки бунёд ва истифодаи ин навъи истгоҳҳои барқӣ дар шароити ноҳияҳои баландкӯҳ, ки ба неруи об камтар дастрасӣ дошта, маҳалҳои зисташон аз ҳамдигар дар масофаҳои дур воқеъ ҳастанд, фоидаовартар мебошад. Марҳилаи дуюми татбиқи ин лоиҳа то соли 2025 идома ёфта, тавоноии истгоҳҳои барқии офтобӣ дар ин давра аз 33 кВт-и соли 2021 то анҷоми татбиқи барнома ба 2600 кВт мерасад.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 26, 2024 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 250 баробар зиёд гардид»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «То соли 2037 Тоҷикистонро пурра ба кишвари «сабз» табдил медиҳем»
РОҲИ 35-СОЛАИ НИЗОМИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: аз бунёди низоми мустақили бонкӣ то бонкдории рақамӣ
РУШДИ САНОАТ. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Душанбе ба маркази воқеии саноат, савдо ва хизматрасонӣ табдил ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Бо саҳми соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша зиёда аз 10 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ навсозӣ гардида, 273 пул бунёд гардид»
Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ шинохта шуд»
Истифодаи технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ самти афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон мебошад
Истиқлол ва рушди саноат: аз сарвати табиӣ то неруи созанда
Эмомалӣ Раҳмон: «То охири сол дар кишвар таъсиси боз 500 корхонаю коргоҳи саноатӣ пешбинӣ шудааст»
Дар ноҳияи Ҷайҳун ба сохтмони хати технологии коркарди нафт санги асос гузошта шуд