Дар Душанбе Фестивали «Саводнокии молиявӣ» баргузор гардид

Сентябрь 30, 2024 10:45

ДУШАНБЕ, 30.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ба аҳолӣ расонидани хизмати молиявӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии истифодабарандагони хизматрасонии бонкӣ дар шаҳри Душанбе Фестивали «Саводнокии молиявӣ» баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иттилоъ медиҳад.

Фестивали «Саводнокии молиявӣ» бо ибтикори Бонки миллии Тоҷикистон гузаронида шуда, дар он кормандони ташкилоти қарзии молиявӣ ва суғуртавии мамлакат иштирок намуданд.

Дар фестивал намоишгоҳи маҳсулоти бонкӣ баргузор гардида, дар он масъулини бонк ба мизоҷон оид ба хизматрасонии бонкӣ, алалхусус маҳсулоти қарзӣ, намуди пасандозҳо, кортҳои пардохтӣ, «Интернет-банкинг», пардохти мувофиқи хизматрасониҳо тавассути барномаи мобилии «Амонат-мобайл» маълумот доданд.

Дар доираи Фестивали «Саводнокии молиявӣ» кормандони «Амонатбонк» барои меҳмонону иштирокдорон бозии ҷолиби зеҳнӣ гузаронида, ғолибон соҳиби туҳфаҳо шуданд.

АКС: «Амонатбонк»

Сентябрь 30, 2024 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 9.9500 то 10.2212 сомонӣ муқаррар гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.2200 то 10.2472 сомонӣ муқаррар гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2086 сомонӣ муқаррар гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2400 то 9.2500 сомонӣ муқаррар гардидааст
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1126 сомонӣ муқаррар гардидааст
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1020 то 0.1125 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2093 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3287 сомонӣ муқаррар шудааст