Дар Душанбе лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» баррасӣ гардид

Сентябрь 30, 2024 16:38

ДУШАНБЕ, 30.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Зимни мулоқоти намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари барномавии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Душанбе лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» мавриди муҳокима қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Барои такмили он ва мутобиқ намудани лоиҳа ба стандартҳои байналмилалӣ таклифҳои мушаххас пешниҳод шуда, вобаста ба лоиҳаи ин қонун табодули афкор доир гардид.

Ёдовар мешавем, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» асосҳои ҳуқуқию ташкилӣ ва самтҳои асосии фаъолият, принсипҳо, сохтор, ташкил, ҳуқуқу уҳдадориҳо, хизмат дар политсия, кафолати ҳимояи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии политсияро муайян менамояд. Он ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ, манфиатҳои ҷамъият ва давлат, молу мулки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ равона гардидааст.

АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 30, 2024 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид