Дар Душанбе масъалаи таъсири хатари офатҳои табиӣ ба шахсони маъюб баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 06.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. 4 сентябр дар Душанбе Форуми натиҷагирии ҳамкории Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилоти ҷамъиятии шахсони имконияташон маҳдуд дар мавзуи «Коҳиши таъсири хатари офатҳои табиӣ бар асари тағйири иқлим ба шахсони имконияташон маҳдуд» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар доданд.
Дар форум масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ба инобат гирифтани талаботи шахсони имконияташон маҳдуд дар ҳолатҳои фавқулода, ки дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ба амал меоянд, кор бо шахсони маъюб дар мавриди ҳолатҳои рух додани ҳолати фавқулода ва дигар масъалаҳо баррасӣ шуданд.
Мақсади баргузории форум ташкил намудани Шурои ҳамкорӣ доир ба масъалаҳои шахсони имконияташон маҳдуд дар назди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, баррасии санадҳои наҷот додани маъюбон дар мавриди ҳолатҳои фавқулода ва қабули муроҷиатномаи роҳҳои коҳиши таъсири тағийрёбии иқлим ба шахсони имконияташон маҳдуд арзёбӣ гардид.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






