Дар Душанбе масоили омодагӣ ба Конфронси тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ баррасӣ шуд

Сентябрь 25, 2024 12:02

ДУШАНБЕ, 25.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масоили омодагӣ ба Конфронси тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ СОР 16 ва  оид ба мубориза бар зидди биёбоншавӣ  СОР 16 дар мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Баҳодур Шерализода бо Сафири Иттиҳоди Аврупо Раймундас Кароблис, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элза Пинол ва Сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шуграф дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин  хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттилоъ медиҳад.

Конфронси тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ СОР 16 аз 21 октябр то 1 ноябри соли 2024 дар шаҳри Калии Колумбия доир мешавад.

Конфронси тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид  оид ба мубориза бар зидди биёбоншавӣ СОР 16 аз 2 то 13 декабри соли 2024 дар шаҳри ар-Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор мегардад.

Дар мулоқот тарафҳо инчунин даври ниҳоии музокирот оид ба Паймони ҷаҳонии пластикиро баррасӣ намуданд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 25, 2024 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар