Дар корхонаи «Солиев С.К»-и Хуҷанд ба маблағи 3,2 миллион сомонӣ маҳсулоти қаннодӣ истеҳсол гардидааст
ДУШАНБЕ, 23.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Солиев С.К»-и шаҳри Хуҷанд, ки ба истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ машғул буда, дар он зиёда аз 50 зан кор мекунад, дар ҳашт моҳи соли равон ба маблағи 3,2 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар дафтари матбуоти шаҳри Хуҷанд хабар доданд.
Корхона бо бренди «Шаҳди Хуҷанд» зиёда аз 100 номгӯй ширинӣ истеҳсол карда, маҳсулоташро дар бозорҳо ба фурӯш мебарорад.
Дар шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мағозаҳои фурӯши маҳсулоти корхона фаъол буда, ба харидорон хизмат мерасонанд.
АКС: Дафтари матбуоти шаҳри Хуҷанд








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






