Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ тавсеаи минбаъдаи ҳамгироии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 03.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. 2 сентябр мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо намояндаи ваколатдори минтақавии Бунёди Конрад Аденауэри Олмон дар Осиёи Марказӣ Андре Алгермиссен баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо тавсеаи минбаъдаи ҳамгироӣ дар минтақаро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мулоқот директори марказ нақши Бунёди Конрад Аденауэрро дар таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва глобалии сиёсӣ, бахусус дар фароҳам овардани фазои мусоид барои баррасии маҷмуи масъалаҳои марбут ба минтақаи Осиёи Марказӣ хеле муҳим арзёбӣ намуд.
Таъкид гардид, ки марказ минбаъд низ ба идомаи робитаҳо бо Бунёди Конрад Аденауэр барои ҳамкории созанда ва дастгирии муколамаи доимӣ, ки ба густариши равобити бисёрҷонибаи минтақавӣ равона шудааст, ҳавасманд аст.
Андре Алгермиссен иброз намуд, ки ҳадафи сафари ӯ таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ бо Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва табодули андешаҳо оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар робита ба минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. Андре Алгермиссен изҳор дошт, ки марказ дар самти омӯзиши вазъи минтақа ва ҷаҳон таҷрибаи хеле бой дорад. Аз ин рӯ, ин фонд барои ҳамкорӣ бо марказ ҳавасманд мебошад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамкории муштаракро дар доираи Ёддошти тафоҳуми соли 2023 баимзорасида мусбат арзёбӣ намуданд.
Тарафҳо изҳори умед карданд, ки ҳамкорӣ байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Бунёди Конрад Аденауэр дар Осиёи Марказӣ ба тавсеаи минбаъдаи ҳамгироӣ дар минтақа мусоидат менамояд.
Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҷории муносибатҳоро баррасӣ намуда, дурнамои рушди онро муҳокима карданд. Инчунин оид ба масъалаҳои муҳими минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла таъмини амният, мубориза бо терроризм ва экстремизми байналмилалӣ, иқтисоди «сабз», тағйирёбии иқлим ва дигар масъалаҳои мубрам табодули назар карда шуд.
АКС: Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Кишоварзони Тоҷикобод дар беш аз 2100 гектар картошка кишт менамоянд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад
Дар ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави дарахтони себу зардолу бунёд гардид
«МегаФон Life»: сармоягузориро мустақиман тариқи смартфон анҷом диҳед
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ масъалаи баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ баррасӣ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Донишҷӯи тоҷик дар чорабинии байналмилалии UNESCO × Nestlé Global Youth Grant Scheme иштирок менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






