Дар Москва бо тоҷикони муқими Русия мулоқот доир шуд

Сентябрь 28, 2024 11:21

ДУШАНБЕ, 28.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 26 сентябр  бо иштироки муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода бо тоҷиконе, ки дар Москва кору зиндагӣ мекунанд, вохӯрӣ  доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар медиҳад.

Сафири Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода оид ба ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногун ва таҳкимёбии нақши давлат  дар арсаи байналмилалӣ, ҳусни ҳамҷаворию дӯстӣ дар минтақа, муносибатҳои иттифоқӣ ва фарогири дӯстонаи Тоҷикистон ва Русия ба аҳли нишаст маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Сафири Тоҷикистон ҳамчунин дар мавзуи  ташаббусҳои ҷаҳонии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу иқлим ва «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» бо ҳозирин сухан гуфт.

Муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода дар бораи дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони Истиқлол ва нақши меҳварии  Президенти  мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сулҳу суботи комил, ваҳдату муттаҳидӣ, арзишҳои миллӣ, ҳифзи ҳофизаи таърихӣ, рушди босуботи ҷомеа ва мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ  ибрози андеша  намуд.

Абдураҳмон Аламшозода мақсади баргузории вохӯриро иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» арзёбӣ намуда, доир ба эълон гардидани соли 2024  «Соли маърифати ҳуқуқӣ», мубориза ва муқовимат бо экстремизм ва терроризм, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва тарбия намудани насли наврасу ҷавон дар руҳияи худшиносиву меҳандӯстӣ изҳори назар  кард.

Дар вохӯрӣ ҳамзамон доир ба тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳалли як қатор масъалаҳои марбут ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо андешидашуда маълумот пешкаш гардид. Илова бар ин, зарурати риояи қонунҳо ва қоидаҳои будубош дар Русия таъкид карда шуд.

Дар фарҷоми ҷамъомад ҳамватанон саволу дархостҳои гуногун пешниҳод намуда, аз ҷумла доир ба масъалаи  ҳуҷҷатгузорӣ дар кишвари иқомат ва дигар пурсишҳо посух гирифтанд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия

Сентябрь 28, 2024 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Ассотсиатсияи табибони «Avicenna» вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Палатаи муштараки тиҷоратии Швейтсария баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси Маркази миллии ҳамкории судии байналмилалии Ироқ мулоқот намуд
Қоҳир Расулзода бо роҳбари Бюрои рушди иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ Космос Завазава мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд
Ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин нақши фаъоли Тоҷикистонро дар доираи СММ ва саҳми ташаббусҳои байналмилалӣ таъкид намуд
Дар шаҳри Абу Забӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар Давҳа 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил гардид