Дар ноҳияи Ховалинг бинои иловагии муассисаи таълимии №15 ифтитоҳ гардид

Сентябрь 8, 2024 08:29

ДУШАНБЕ, 08.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 33-солагии Истиқлоли давлатӣ бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и ноҳияи Ховалинг ифтитоҳ гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховра» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.

Дар муассисаи таълимии №15-и ноҳияи Ховалинг мушкилоти норасоии ҷойи нишаст мавҷуд буд. Баробари ба истифода додани бинои иловагӣ норасоии ҷойи нишаст бартараф гардида, барои омӯзгорону хонандагон шароити мусоиди кору таҳсил фароҳам оварда шуд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо омӯзгорону волидон ва хонандагони муассисаи таълимӣ вобаста ба дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар самти баланд бардоштани сифати таҳсил, мустаҳкам намудани ҳамкории падару модар бо муассисаи таълимӣ ва бештар намудани натиҷаҳо дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ суҳбат намуд.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Сентябрь 8, 2024 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд