Дар ноҳияи Ховалинг ду майдончаи варзишии болопӯшидаи футбол ифтитоҳ гардид

Сентябрь 5, 2024 18:14

ДУШАНБЕ, 05.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ховалинг дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шуданд.

Аз ҷумла дар маҳаллаи Сохтмончиён ва деҳаи Доробии ноҳияи Ховалинг ду майдончаи варзишии хурди болопӯшида мавриди истифода қарор гирифтанд.

Сохтмони майдончаҳои варзишии хурди болопӯшида дар назди муассисаи таълимии №6-и ноҳия, воқеъ дар маҳаллаи Сохтмончиёни ҷамоати шаҳраки Ховалинг ва дар деҳаи Доробии Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт дар доираи Барномаи корҳои ободонӣ бахшида омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода шуд.

Майдончаи варзишӣ бо ҷойгиркунонии майдони футбол аз тарафи соҳибкори ватанӣ Ҳасанов Абдулло бо маблағи 2 миллиону 200 ҳазор сомонӣ ҳар кадом дар масоҳати (21х41) 861 метри мураббаъ сохта шуд. Дар рафти корҳои сохтмонӣ аз 20 то 35 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори муввақатӣ ва маоши хуб таъмин гардид.

Майдончаи варзишии болопӯшида имкон медиҳад, ки хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 дар вақти машғулияти варзишӣ ва ҷавонони маҳаллаҳои 8-март, Обшорон, Восеъ, Сохтмончиёни ҷамоати шаҳраки Ховалинг ва ҷавонони  деҳаи Доробии ҷамоати деҳоти Ҷомбахт бегоҳ дар фаслҳои тобистон ва зимистон ба варзиш машғул шаванд.

Гирду атрофи майдончаҳо бо баландии 6 метр панҷарабандӣ карда шуда, бо чароғҳои равшанидиҳанда таъмин мебошад, ки имкони дар қисмати бегоҳ ва шабона барои бозии футбол муҳайё мебошад.

Ҳамчунин ба варзишгарон туҳфаҳои хотиравӣ ва чанд адад тӯби футбол тақдим ва ба фаъолияти ин майдончаи варзишӣ оғоз бахшида шуд.

АКС: Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Сентябрь 5, 2024 18:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд