Дар ноҳияи Ховалинг ду майдончаи варзишии болопӯшидаи футбол ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 05.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ховалинг дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шуданд.
Аз ҷумла дар маҳаллаи Сохтмончиён ва деҳаи Доробии ноҳияи Ховалинг ду майдончаи варзишии хурди болопӯшида мавриди истифода қарор гирифтанд.
Сохтмони майдончаҳои варзишии хурди болопӯшида дар назди муассисаи таълимии №6-и ноҳия, воқеъ дар маҳаллаи Сохтмончиёни ҷамоати шаҳраки Ховалинг ва дар деҳаи Доробии Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт дар доираи Барномаи корҳои ободонӣ бахшида омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода шуд.
Майдончаи варзишӣ бо ҷойгиркунонии майдони футбол аз тарафи соҳибкори ватанӣ Ҳасанов Абдулло бо маблағи 2 миллиону 200 ҳазор сомонӣ ҳар кадом дар масоҳати (21х41) 861 метри мураббаъ сохта шуд. Дар рафти корҳои сохтмонӣ аз 20 то 35 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори муввақатӣ ва маоши хуб таъмин гардид.
Майдончаи варзишии болопӯшида имкон медиҳад, ки хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 дар вақти машғулияти варзишӣ ва ҷавонони маҳаллаҳои 8-март, Обшорон, Восеъ, Сохтмончиёни ҷамоати шаҳраки Ховалинг ва ҷавонони деҳаи Доробии ҷамоати деҳоти Ҷомбахт бегоҳ дар фаслҳои тобистон ва зимистон ба варзиш машғул шаванд.
Гирду атрофи майдончаҳо бо баландии 6 метр панҷарабандӣ карда шуда, бо чароғҳои равшанидиҳанда таъмин мебошад, ки имкони дар қисмати бегоҳ ва шабона барои бозии футбол муҳайё мебошад.
Ҳамчунин ба варзишгарон туҳфаҳои хотиравӣ ва чанд адад тӯби футбол тақдим ва ба фаъолияти ин майдончаи варзишӣ оғоз бахшида шуд.
АКС: Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон








Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд






