Дар ноҳияи Тоҷикобод 101 иншоот бунёд ва таҷдид мешавад

Сентябрь 12, 2024 15:16

ДУШАНБЕ, 12.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Тоҷикобод бунёду таҷдиди 101 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз сохтмони 41 иншоот ба анҷом расонида шуд, ки 41 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар ин хусус имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Тоҷикобод иброз доштанд.

Гуфта шуд, ки ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат дастгирии пайваста ва рушди ҳамаҷонибаи ноҳияҳои дурдасти кӯҳистонро самти афзалиятноки фаъолият эълон карда, давоми 33 соли гузашта дар ин самт тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намуд.

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки дар ин муддат ба таъмин намудани рушди устувори соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз як миллиард сомонӣ равона карда шуд.

«Илова бар ин дар ин давра барои пӯшонидани хароҷоти буҷети ноҳия ва маблағгузории соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии он аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ зиёда аз 400 миллион сомонӣ маблағҳои мақсаднок равона карда шуд»,-изҳор доштанд Сарвари давлат.

Иттилоъ дода шуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар ноҳия 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 400 миллион сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 5 лоиҳаи дигар идома дорад. Дар доираи онҳо то имрӯз 26 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.

Ҳамзамон бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Тоҷикобод барои солҳои 2021 – 2025 амалӣ мешавад, ки дар асоси он татбиқи 196 лоиҳа ба маблағи умумии 139 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Дар доираи ин барнома то ҳол 86 лоиҳа ба маблағи 72 миллион сомонӣ амалӣ шудааст, ки 52 фоизи барномаро ташкил мекунад.

Сентябрь 12, 2024 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ навсозӣ гардид
25 нафар хизматчиён ва кормандони идораҳои давлатӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ соҳиби манзили нави зист шуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҳамадонӣ бинои нави Раёсати молия ба истифода дода мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз 950 иншооти ҷашнӣ дар Хуҷанд 600 адади он бунёд гардидааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ 9 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шудааст
Дар деҳаи 1-майи Ҷамоати деҳоти Норини ноҳияи Ёвон бунгоҳи саломатӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Бохтар толори варзишӣ ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Тишори ноҳияи Шуғнон Маркази инкишофи барвақтии кӯдакон ба истифода дода шуд
Дар Бохтар бинои Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ва Маркази ташхиси бехатарии озуқаворӣ ба истифода дода шуд
Дар Ёвон бинои баландошёнаи истиқоматӣ мавриди истифода қарор дода шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бинои Қасри фарҳангро мавриди истифода қарор доданд