Дар Ню-Йорк ҷаласаи ғайринавбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии СААД баргузор гардид

Сентябрь 28, 2024 10:47

ДУШАНБЕ, 28.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 26 сентябр дар шаҳри  Ню-Йорк Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи ғайринавбатии Шурои вазирони корҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷории Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва омодагӣ ба иҷлоси Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ, ки баргузории он даҳаи сеюми моҳи ноябри соли 2024 дар Остона дар назар аст, муҳокима гардиданд.

Дар рафти ҷаласа табодули афкор атрофи Барномаи мақсадноки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ оид ба таҳкими сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон, ки баимзорасонии он дар рафти саммити дарпешистода дар назар аст, доир гардид.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 28, 2024 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»