Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон доир ба ҳунарҳои мардумӣ намоиш баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 11.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баргузории намоиши «Муаррифии ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик» ба муносибати дохил гардидани силсилаи ҳунарҳои мардумӣ ба феҳристи осори фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ва эҳёи дигар намудҳои санъат ва касбу ҳунарҳои қадимии миллӣ дар соли 2024 ҷаласаи кумитаи тадорукоти ин намоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва тайёр кардани кадрҳои илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Алишер Зарипов иттилоъ дод.
Дар ҷаласа масъалаи дар сатҳи баланди касбию эҷодӣ баргузор намудани намоиши ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Муаррифии ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик» баррасӣ гардид.
Намоиш моҳҳои сентябр, октябр ва ноябри имсол дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб баргузор мегардад. Даври аввали намоиш 17 сентябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон гузаронида мешавад, ки дар он зиёда аз 35 навъи ҳунарҳои қадимии миллии тоҷикон ба маъраз гузошта мешавад.
Дар ҷаласа барои дар сатҳи баланд гузаронидани намоиши «Муаррифии ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик» ба масъулин вазифаҳои мушаххас дода шуд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд






