Дар Панҷакент вобаста ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид

Сентябрь 14, 2024 17:30

ДУШАНБЕ, 14.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. «Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат — омили ҳамбастагии башарият»- таҳти ин унвон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар доданд.

Иштирокчиён вобаста ба ҷонибдории ҷомеаи ҷаҳонӣ аз панҷ ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи ҳифзи манбаъҳои оби тоза, пиряхҳо чун сарчашмаи оби ошомиданӣ ва полезӣ, тағйирёбии иқлим, босуръат об шудани пиряхҳо ва коҳиш ёфтани онҳо, аз ҷумла дар саргаҳи дарёи Зарафшон маъруза намуданд.

Таъкид гардид, ки талошу заҳматҳои Сарвари давлат дар сатҳи байналмилалӣ баҳри боло бурдани имиҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои аъзои ин созмонҳо яке аз ҳадафҳои нахустини ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад.

Иштирокчиён баргузории ин ҳамоишро дар ташреҳи ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар масъалаи ҳифзи манбаъҳои об дар сайёра, таҳкими ҳамбастагии башарият дар ин ҷода, тадбирҳои амалие, ки дар мамлакат барои омӯхтани равандҳои коҳиш ёфтани ин манбаъҳо амалӣ шудаанд ва ба ин васила боло рафтани обрӯю нуфузи мамлакати мо дар арсаи ҷаҳонӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Сентябрь 14, 2024 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид