Дар шаҳри Давҳа 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид

Сентябрь 17, 2024 18:00

ДУШАНБЕ, 17.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа бахшида ба 33-солагии  Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир намуд. Ҳамзамон 15 сентябр  бо ташаббуси Сафорат бинои меҳмонхонаи Шератон Гранди Давҳа бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон оро дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш вазирону роҳбарияти аршади сохторҳои давлатии Қатар, сафирони кишварҳои хориҷӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, доираҳои иқтисодию тиҷоратӣ, илмию фарҳангӣ, соҳибкорон, воситаҳои ахбори омма ва ҳамватанони муқими Қатар иштирок намуданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ изҳор дошт, ки Истиқлоли давлатӣ бузургтарин арзиш ва дастоварди миллии мардуми тоҷик мебошад. Имрӯзҳо Тоҷикистон бо шарофати заҳмату талошҳои хастагинопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собитқадамона рушд меёбад.

АКС:  Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 17, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Ассотсиатсияи табибони «Avicenna» вохӯрӣ намуд
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Палатаи муштараки тиҷоратии Швейтсария баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси Маркази миллии ҳамкории судии байналмилалии Ироқ мулоқот намуд
Қоҳир Расулзода бо роҳбари Бюрои рушди иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ Космос Завазава мулоқот намуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид