Дар Тоҷикистон беш аз 12 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст

Сентябрь 15, 2024 09:00

ДУШАНБЕ, 15.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. То 12 сентябр дар Тоҷикистон 12 661 тонна пахта ҷамъоварӣ гардидааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар вилояти Суғд 854 тонна ва дар вилояти Хатлон 11 807 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст.

Пахта яке аз ашёҳои асосии содиротии Тоҷикистон мебошад. Имсол кишоварзон дар майдони 174 976 гектар кишти пунбадона гузарониданд, ки нисбат ба соли 2023  105 фоиз зиёд мебошад.

Соли равон  тибқи нақша кишоварзон 436 ҳазору 280 тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд.

 АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Сентябрь 15, 2024 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Покистон тасмим гирифтааст, ки ҳамкориро бо Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ густариш диҳад
Моҳи сентябр дар Тоҷикистон панҷумин Форуми Осиёи Марказӣ оид ба пиринг ва пайвастшавӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ АНГИШТКАНОН. Истихроҷи ангишт то ба 3 миллион тонна расонида мешавад
Дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон»-и шаҳри Турсунзода мавсими тайёр кардани мавиз оғоз гардид
Рақамикунонӣ — омили муҳими рушди бехатарии озуқаворӣ дар сарҳад ва нақлиёт
Ширкати «Жонгшан»-и Чин дар Тоҷикистон ҳавзҳои муосири моҳидорӣ бунёд менамояд
«РОҒУН» — РАМЗИ ҚУДРАТИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Ҷиҳати пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ ҷаласа баргузор гардид
«СИЁСАТИ НУРАФЗО». Таҳти ин унвон доир ба нақши Пешвои миллат дар рушди соҳаи энергетика китоби нав ба нашр расид
Татбиқи ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо ва криосфера дар Душанбе баррасӣ шуд
Имрӯз парвози мустақим дар хатсайри Душанбе–Минск оғоз гардид
Ташаккули сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлоли давлатӣ баррасӣ гардид