РУШДИ ТАНДУРУСТӢ ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Зиёда аз 270 санади меъёриву ҳуқуқӣ ва барномаву стратегияҳо қабул ва амалӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 08.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии давлатии Тоҷикистон ба шумор рафта, давоми қариб се даҳсолаи охир бомаром рушд карда, то имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст. Дар давраи аввали соҳибистиқлолии мамлакат буҷети соҳаи тандурустӣ ҳамагӣ 956 ҳазор сомонӣ буд. Имрӯз ин нишондиҳанда ба 3 миллиарду 489 миллион сомонӣ баробар шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат барои ислоҳоти маблағгузории соҳаи тандурустӣ якчанд ҳуҷҷатҳои муҳими соҳа, ба монанди Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи маблағгузории соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005-2015, Нақшаи кӯтоҳмуддати байнисоҳавӣ барои солҳои 2006-2008 оид ба татбиқи «Стратегияи маблағгузории соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2005-2015», ҷорӣ намудани маблағгузории сарикасӣ дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кумаки тиббию санитарӣ, Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ, Барномаи миёнамуҳлати хароҷоти давлатӣ, Дастурамали нави ягона барои пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ ва дигар барномаҳо амалӣ гардиданд.
Ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ислоҳоти пурраи соҳаи тандурустӣ ва сохтори он дар мамлакат оғоз гардида, то имрӯз идома дорад. Дар доираи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ аввал якчанд санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии ин соҳа таҳия ва тасдиқ гардида, инфрасохтори соҳаи тиббӣ бамаротиб рушд намуд. Инчунин дар замони соҳибистиқлолии мамлакат зиёда аз 270 санади меъёриву ҳуқуқӣ, барномаву стратегияҳо қабул ва амалӣ гардидаанд. Танҳо соли 2024 (айни замон) 10 барномаву стратегия амалӣ мешавад.
Соли 1991 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 2862 муассисаи соҳаи тандурустӣ фаъолият дошт. Бо дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 30 сол ин шумора тақрибан ду баробар зиёд гардид. Соли 2020 дар мамлакат шумораи муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ба 4369 адад расид. Имрӯз ин шумора ба панҷуним ҳазор расонида шудааст.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28 декабри соли 2023 таъкид доштанд, «дар 5 соли оянда сохтмон ва таъмири беш аз 350 муассисаи тандурустӣ ба маблағи зиёда аз 500 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Танҳо давоми соли 2023 132 муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ сохта, ба истифода дода шуд».
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки соли 1991 дар мамлакат 10 коллеҷи тиббӣ ва танҳо як Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон фаъолият мекард. Имрӯз барои омода кардани мутахассисони соҳаи тиб 26 коллеҷи тиббӣ, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара, Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон, факултети тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд.
Давоми 33 соли Истиқлолияти давлатӣ соҳаи тандурустӣ ба муваффақияти назаррас ноил гардида, сатҳу сифати хизматрасонӣ ба беморон нисбат ба солҳои қаблӣ хеле боло рафтааст. Табибони тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат аз имконияти фароҳамоварда истифода намуда, барои ташхис ва табобати бемориҳо ба тибби тоҷик зиёда 2 ҳазор амалиёти нав ворид намуданд. Барои ноил шудан ба ҳадафҳои дарпешистода аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?






