Директори Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии Тоҷикистон дар Қазоқистон сазовори ҷоизаи байналмилалӣ дар ИДМ гардид

Сентябрь 15, 2024 11:00

ДУШАНБЕ, 15.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Директори Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии Тоҷикистон Шаҳло Ашуриён дар Қазоқистон барои саҳмгузорӣ дар самти рушди низоми маорифи мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сазовори ҷоизаи байналмилалӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷоиза дар шаҳри Душанбе дар вазъияти тантанавӣ ба Шаҳло Ашуриён тақдим гардид.

Шаҳло Ашуриён ба ҳайси сарвари Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ дар самти шаклгирии бештару беҳтари низоми маориф, махсусан фаъолияти хуб нишон додани Коллеҷи тиббӣ ва суханронӣ дар чорабиниҳои байналмилалӣ сазовори ин ҷоиза дониста шуд.

Зимни тақдими ҷоиза иброз гардид, ки соҳаи илму маориф низоми калидии пешрафту тараққиёти давлату миллат мебошад. Бинобар ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба рушди илму маориф афзалияти аввалиндараҷа медиҳад.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Сентябрь 15, 2024 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад