Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад

Сентябрь 25, 2024 08:10

ДУШАНБЕ, 25.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, ҳаво дар шаҳри Душанбе то 34 дараҷа гарм мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 26+31 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона 27+32 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 дараҷа гарм, рӯзона 31+36 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 14+19 дараҷа гарм ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 дараҷа гарм, рӯзона 29+34 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа гарм ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 17+19 дараҷа ва рӯзона 32+34 дараҷа гарм мешавад.

Сентябрь 25, 2024 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми Осиёи Марказӣ «Tech Jam 2024» баргузор шуд
Дар ноҳияи Мурғоб неругоҳи барқи офтобӣ сохта мешавад
«АДОИ ХИЗМАТ ДАР САФИ АРТИШИ МИЛЛӢ-РИСОЛАТИ ҶАВОНМАРДӢ!». Таҳти ин унвон ҳамоиши ҷавонон баргузор гардид
ТАҲТИ ҲАМИН ПАРЧАМ БА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ РАСИДЕМ. Дар Кумитаи забон ва истилоҳот ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОН! Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Роҳи оҳани Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суди конститутсионии Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатиро таҷлил намуданд
Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод навсозӣ мегардад