Имсол кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2705 гектар шолӣ кишт намуданд

Сентябрь 23, 2024 15:33

ДУШАНБЕ, 23.09.2024. /АМИТ «Ховар»/.  Имсол кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2705 гектар шолӣ кишт намуданд, ки нисбат ба соли 2023  498 гектар зиёд аст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар доданд.

Бо истифода аз боду ҳавои мусоид имрӯзҳо дар ҳамаи қитъаҳои шолизори соҳили Зарафшон ҷамъоварии ҳосил идома дорад.

Кишоварзон тасмим гирифтаанд, ки ҳосили хуб ба даст оварда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳм гузоранд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар Тоҷикистон дар майдони 16 ҳазору 162 гектар кишти такрории шолӣ ба нақша гирифта шудааст. То 30 август дар 16 ҳазору 477 гектар кишт гузаронида шуд, ки нисбат ба дурнамо 315 гектар зиёд мебошад.

Бояд гуфт, ки дар ҷумҳурӣ баъд аз ҷамъоварии гандум, ҷав ва картошкаи пешпазак кишти шолӣ бештар гузаронида мешавад. Бо тавсияи олимони соҳаи кишоварзӣ, дар мамлакат кишти шолӣ бо тарзу усули нав, яъне бо ниҳолчаҳо парвариш карда мешавад, ки ин ба сарфа шудани обу вақт равона гардидааст.

Биринҷ яке аз донагиҳои бештар истеъмолшаванда дар ҷаҳон дониста шуда, баъд аз зироати ғалладонагӣ дар ҷаҳон аз ҷиҳати майдони кишт ва ҳосил ҷойи дуюмро ишғол менамояд. Дар Тоҷикистон 13 навъи биринҷ,  аз ҷумла девзира, оқпар, ҷойдорӣ, миёнколӣ ва сурх парвариш  карда мешавад. Истеъмоли солонаи биринҷ ба як нафар дар Тоҷикистон  аз  12 то 15 килограмм рост меояд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Сентябрь 23, 2024 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад