ИСТИҚЛОЛ ВА РУШДИ ВАРЗИШ. Дар Тоҷикистон теъдоди иншооти варзишӣ беш аз 9 маротиба афзоиш ёфт

Сентябрь 8, 2024 11:39

ДУШАНБЕ, 08.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ нисбат ба 70 соли замони пеш аз истиқлол теъдоди иншооти соҳаи варзиш дар мамлакат беш аз 9 маротиба афзоиш ёфтааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар ҷумҳурӣ 10 934 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 126 варзишгоҳ, 7601 майдончаи варзишӣ, 2251 толори варзишӣ, 97 ҳавзи шиноварӣ, 88 маҷмааю маркази солимгардонӣ ва 771 иншооти махсуси варзишӣ сохта, ба истифода дода шуд, ки дар онҳо ҷавонону наврасон, варзишгарону сокинони мамлакат аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш ба машқу тамринҳои доимӣ фаро гирифта шудаанд.

Маҳз бунёди чунин иншооти замонавӣ ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ ба рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш заминаи мусоид фароҳам оварда, варзишгарони тоҷик имрӯз дар сатҳи ҷаҳон Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд. Аз ҷумла, 14 варзишгари номвари тоҷик дар  Бозиҳои олимпии Париж 2024 иштирок намуда, Парчами давлатии  Тоҷикистонро парафшон намуданд. Дар ин Бозиҳои олимпӣ  Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов ва Давлат Болтаев бо гирифтани се медали биринҷӣ номи Тоҷикистонро дар қатори давлатҳои дорои медали Бозиҳои олимпӣ сабт намуданд.

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар мамлакат муносибат ба соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун омили тандурустиву тавонмандӣ ва воситаи муаррифи давлати соҳибистиқлол мазмуну моҳияти нав пайдо кард.

Ба шарафи истиқлоли давлатӣ ба бозии миллии тоҷикӣ- гӯштингирӣ мақоми байналмилалӣ дода шуда, пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе мизбони чорабиниҳои байналмилалӣ гардид. Аз ҷумла, 28-31 август дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинии сатҳи баланд варзишгарон аз 63 давлати ҷаҳон  иштирок намуданд. Варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқа қаҳрамонӣ нишон дода, 11 медал (5 медали тилло, 1 нуқра ва 5 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Танҳо давоми шашмоҳаи якуми соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 49 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 35 майдончаи варзишӣ, 12 толори варзишӣ, 1 ҳавзи шиноварӣ ва 1 маҷмааи варзишӣ ва солимгардонӣ бо харҷи 17 миллиону 450 ҳазор сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд. Аз ин 2 миллиону 310 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва 15 миллиону 140 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорону сарпарастон мебошад.

Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат якчанд санадҳои меъёрӣ- ҳуқуқӣ ва барномаҳои соҳавӣ давра ба давра таҳия ва мавриди амал қарор гирифта, ба рушди соҳаи варзиш заминаи мусоид гузоштанд.

Аз ҷумла, дар таҳрири нав қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» ва дар заминаи он «Барномаи маҷмуии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва «Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» таҳия ва мавриди амал қарор гирифтанд, ки аз ҷумлаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат маҳсуб мешаванд.

Бояд ёдовар шавем, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ аз соли 2015 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ таъсис шудааст.

Дар доираи санади қабулшуда то ин муддат ба 318 нафар ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ аз фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 миллиону 423 ҳазору 750 сомонӣ мукофотпулӣ ҷудо гардида, дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуд.

Бо назардошти омӯзиши таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи дунё Ҳукумати мамлакат, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди намудҳои варзиши олимпӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Давоми соли 2023 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаде ба имзо расид, ки ғолибон ва ҷоизадорони бозиҳои олимпӣ, паралимпӣ ва сурдлимпӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд бо стипендияи моддии моҳонаи якумра ҳавасманд карда мешаванд.

Натиҷаи чунин ғамхориҳо аст, ки солҳои охир варзишгарони мамлакат дар мусобиқаҳои байналмилалӣ пайваста иштирок намуда, бо сазовор гардидан ба ҷойҳои ифтихорӣ нуфузу эътибори сарзамини соҳибистиқлоламонро баланд бардошта, Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд.

Маҳз ҳамин тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат имкон фароҳам овард, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ 7353 маротиба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ бо шарофати дастоварди варзишгарони мамлакат баланд бардошта шуда, зиёда аз 2500 маротиба Суруди миллӣ ба хотири дастоварди онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалии дохиливу хориҷӣ садо додааст.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 8, 2024 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Ваҳдати миллӣ кафили соҳибистиқлолӣ, сулҳу оромӣ ва суботи Тоҷикистон мебошад
ҚОНУНИ АВФ. Давлат ба ҳазорон шаҳрванд имконият медиҳад ба назди оилаҳои худ баргашта, ҳуқуқи худро ба зиндагии арзанда амалӣ созанд
Намоишгоҳи байналмилалии INTER HEALTH & BEAUTY TOJIKISTON-2026 имкониятҳои навро барои тиҷорат ва сармоягузорӣ фароҳам меорад
Барои мардуми тоҷик аз қадим василаи муҳими ҳамзистӣ, ҳамдилию фарзонагӣ эътироф меёфт. Эҳдо ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар ин мавзуъ
РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БИЁБОНШАВӢ ВА ХУШКСОЛӢ. Дар Тоҷикистон «Нақшаи амал алайҳи биёбоншавӣ» қабул шудааст
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ. Ин рӯйдоди дорои аҳамияти стратегии миллӣ ва байналмилалӣ мебошад
Эмомалӣ Раҳмон — меъмори сулҳ ва ваҳдати миллии тоҷикон
Дар Москва бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ Мусобиқа оид ба футболи хурд таҳти унвони «Ҳамбастагӣ-2026» баргузор шуд
Эмомалӣ Раҳмон — асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ
Дар ноҳияи Шаҳринав Маркази рушди бокс ва майдони варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон роботи интеллектуалии насли нав ба раванди таълим ҷорӣ гардид