КУНҶИТ. Дар Тоҷикистон кишти ин навъи зироати равғандеҳ зиёд гардидааст
ДУШАНБЕ, 03.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон панҷ зироати равғандиҳанда кишт ва парвариш карда мешаванд, аз ҷумла зағир, офтобпараст, кунҷит, чормағзи заминӣ ва маъсар, ки дар таркиби донашон аз 30 то 60 фоиз равған доранд. Дар фасли тирамоҳ дар мамлакат ҷамъоварии кишти такрории зироати равғандеҳ, аз ҷумла кунҷид оғоз мегардад. Кунҷид дар байни дигар зироати равғандеҳ фоизи равғаннокиаш баланд аст, аз ин рӯ сол то сол кишти кунҷит дар ҷумҳурӣ зиёд мегардад. Имсол дар 5 ҳазор гектар кишти ин зироат гузаронида шудааст. Дар ин хусус доктори илмҳои кишоварзӣ Тош Нарзуллоев ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Ба гуфти Тош Нарзуллоев, дар заминҳои обии ҷумҳурӣ, махсусан дар кишти такрорӣ барои гирифтани ҳосили форовони дони кунҷид коркарди хок нақши асосиро иҷро менамояд, чунки тухми ин зироат ба гурӯҳи майдадона дохил мешавад. Бинобар ҳамин, коркарди хоки барои қитъаҳои кунҷид пешбинишударо вобаста аз кишти пешина то чуқурии 30 — 35 сантиметр тавсия дода мешавад. Барои вилояти Хатлон ва минтақаи Бохтар вобаста аз ҷойгиршавии маҳал аз 10 май то 1 июл, минтақаи Кӯлоб аз 25 май то 5 июл, вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 1 июн то 1 июл кишти он тавсия дода мешавад. 5-6 килограмм кинҷитро дар 1 гектар кишт намудан лозим аст. Пеш аз кишти тухмии кунҷид тайёр кардани ҷӯякҳо барои обёрӣ яке аз чорабиниҳои ниҳоят муҳим ба шумор рафта, масофаи онҳо бояд ба 60 сантиметр баробар бошад ва қабати болии хок, ки дар он ҷо тухмӣ кишт карда мешавад, нарм ва мулоим нигоҳ дошта мешавад. Обёрии якуми ин зироатро ба таври фаврӣ пас аз кишт оғоз менамоянд ва обёрии дуюмро пас аз 5- 6 шабонарӯз баъд аз сабзиши муътадили ниҳолҳо амалӣ намудан ниҳоят зарур аст. Обёрии сеюм ва баъдинаи онро вобаста ба хоку иқлими минтақаи парвариш баъд аз 10 – 12 шабона рӯз идома додан зарур аст.
Доктори илмҳои кишоварзӣ иброз намуд, ки хушк шудани ғилофак, сахтшавии дон ва рехтани баргҳо — аломатҳои пухтарасии дони кунҷид мебошанд. Барои ин кунҷидро ба таври дастӣ аз решааш ҷудо кардан зарур аст. Растаниҳои пухтарасидаро дар ҷойҳои махсус, ки ҳамворанд (дар хирманҳо, палаткаҳои махсус ё дигар лавозимот), ҷой намудан лозим аст, чунки тухмии он хурд буда, бояд дар болои ин лавозимот ғундошта шавад. Ин амалиётро дар 2 давр гузаронидан тавсия дода мешавад.
Мутахассисони соҳаи тиб тавсия медиҳанд, ки кунҷит хислати часпонандагӣ ва кушояндагии гиреҳҳоро дорад. Агарчи ҳангоми хӯрдан ғизои кам аст, вале моддаҳои аз он ҳазмгашта дар ҷигар сабук мебошанд; бинобар часпанда буданаш баданро фарбеҳ мекунад, овозро мулоим ва дуруштии ҳалқро нарм мегардонад, ахлоти сӯхта, яъне балғам, хун, сафро ва савдои сӯхтаро ба ислоҳ меоварад, рӯдаҳо ва мақъадро мулоим мекунад.
Тухми кунҷит манбаи хуби равғанҳои солим, сафедаҳо, витаминҳои В, минералҳо, нахҳо, антиоксидантҳо ва дигар пайвастагиҳои фоиданоки растанӣ мебошанд. Инчунин кунҷидро на танҳо барои истеъмол, балки барои ороиши занон низ васеъ истифода мебаранд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи майи соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» мегардад
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ — ПОЯИ АДОЛАТ. Дар робита ба ташаббуси Тоҷикистон дар бораи «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027»
ТАҲКИМИ СУЛҲ ДАР МЕҲВАРИ ТАШАББУСҲО ВА ХИРАДИ АЗАЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар ҳошияи сарфарозгардонии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой
БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА АРЗИШҲОИ МАЪНАВӢ БОЯД АРҶ ГУЗОШТ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РОҲНАМОИ АМАЛ. Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар Душанбе фаъолиятро тибқи ин санад ба роҳ мондаанд
Таҳаввули ҷойгоҳи байналмилалии Тоҷикистон дар заминаи дастовардҳои сиёсати хориҷӣ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
ҒИЗОИ СОЛИМ. Истеъмоли шибит ба организми инсон чӣ фоида дорад?
Дар Тоҷикистон нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ аз 70 ба 77 сол расид
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ САБЗ. Дар пойтахт зиёда аз 12 миллион дона гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида мешаванд
Таъсиси Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфера заминаи мустаҳками институтсионалӣ ва қонунгузорӣ дорад






