Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 30.09.2024 /НИАТ «Ховар»/. 30 сентябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҷлис нахуст гузориши вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода дар бораи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 шунида шуд.
Таъкид гардид, ки мақсад ва вазифаҳои асосии Барнома идома додани рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ, дастрасии корхонаҳои коркард ба ашёи хом, афзоиши иқтидори содиротӣ, коҳиш додани вобастагии бозори истеъмолӣ аз маҳсулоти воридотӣ, таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, вусъати “иқтисоди сабз”, ҳалли мушкилоти экологӣ, кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ ба атмосфера ва пешгирӣ аз гармшавии иқлим мебошад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои иҷрои саривақтӣ ва пурсамари барнома дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Сипас дар бораи баргузории Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2028 гузориши вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин шунида шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баргузории Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2028” аз ҳисоби шахсони масъули Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор Кумитаи тадорукот оид ба баргузории ин ҳамоиши сатҳи баланд таъсис дода шавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки Кумитаи тадорукот якҷо бо сохторҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид нақшаи чорабиниҳо оид ба баргузории конфронсро дар муҳлати 1 моҳ таҳия ва тасдиқ намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот манзур намояд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи собиқадорон” муҳокима ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.
Дар идомаи кори маҷлис лоиҳаҳои Нақшаи амали солҳои 2024-2026 Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, Барномаи давлатии рушди санъати театрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029, рақамикунонии равандҳо дар дидбонгоҳҳои гумрукӣ ва оператори системавӣ дар низоми энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.
Ҳамчунин оид ба нишондиҳандаҳои дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2026 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2027-2028 гузориши вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода шунида шуд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазорати рушди иқтисод ва савдо дастур доданд, ки дар асоси фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи кишвар, инчунин корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои дигар новобаста аз шакли моликияташон, дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар соли 2026 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2027-2028-ро таҳия намояд. Супориш дода шуд, ки лоиҳаи дурнамо то 1 июни соли 2025 барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Дар фароварди маҷлис Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди аъзои Ҳукумати кишвар ва дигар сохторҳои давлатӣ барои иҷрои саривақтии дастурҳои маҷлиси навбатӣ ва супоришҳои қаблӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Аз ҷумла, Пешвои миллат таваҷҷуҳи масъулинро ба ҷоннок кардани кори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, ривоҷ додани касбомӯзӣ ва забономӯзӣ барои калонсолон ва рушди ҳунармандӣ ҷалб намуданд.
Сарвари давлат ба Ҳукумати кишвар ва дигар муассисаҳо инчунин доир ба ташкили сатҳи баланди зимистонгузаронӣ, захираи кофии маводи озуқа ва сӯзишворӣ барои тамоми соҳаҳо, вусъати корҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз дастуру супоришҳо доданд.









Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими эҳтиром ва видоъ бо собиқ Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон шуданд
Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайхро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон директори иҷроияи Бунёди иқлими сабз Мафалда Дуартеро ба ҳузур пазируфтанд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Тиргон
Миллат пешвоси муҳтарам Эмомали Раҳмоннинг БМТ «2027-2036 йиллар, Келажак авлодлар учун тинчликни мустаҳкамлаш халқаро ўн йиллиги» номли резолюциясининг қабул қилиниши ва Миллий бирлик куни муносабати билан табриги
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






