«Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ — пайвандгари наслҳо ва тамаддунҳо». Таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор гардид

Сентябрь 23, 2024 09:51

ДУШАНБЕ, 23.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки ҳамасола дар Тоҷикистон 30 сентябр таҷлил мегардад, дар  ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таҳти унвони «Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ-пайвандгари наслҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиши илмӣ – амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус  ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хабар доданд.

         Осори гаронбаҳои Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ пурарзиштарин мероси ҳама давру замонҳо аст. Шоир ва адабиётшиноси амрикоӣ Колман Баркс тарҷумаи пораҳои шеърии Мавлоноро аз «Маснавӣ» ва «Девони кабир» дар 13 маҷмуаи хурду бузург ба табъ расонд. Ба иттилои муҳаққиқони амрикоӣ, тарҷумаҳои Колман Баркс ашъори Мавлоноро ба пурхонандатарин китоб дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  табдил додаанд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода нақши Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро дар эҷод ва ташаккули адабиёти классикӣ барҷаста арзёбӣ намуд. Ӯ гуфт, ки чорабиниҳои адабию фарҳангӣ ва илмию маърифатӣ, бешак, ба тарғибу ташвиқи осори Мавлоно ва тарбияи насли наврас дар руҳияи эҳтирому арҷгузорӣ ба мероси ниёгон, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва ташаккули ҳувияти миллӣ мусоидат мекунанд.

Истиқлоли давлатӣ имконият фароҳам овард, ки миллати куҳантамаддуни тоҷик ба омӯзиши осори баландарзиши ниёгон аз дидгоҳи нав рӯ орад ва онро мувофиқ ба ормонҳои деринаи миллат таҳқиқ намояд. Ҳамзамон ба наслҳои имрӯза, ки меросбарони ояндаи давлату миллат ва тамаддуни беш аз шашунимҳазорсолаи миллати тоҷик мебошанд, таълим диҳад ва онҳоро дар руҳияи ифтихор аз ҳувияти миллӣ ва гиромӣ доштани таъриху тамаддуни ниёгон раҳнамун созад.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 30 сентябр дар қаламрави мамлакат  Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо баргузории симпозиум, конфронс, ҳамоиш ва маҳфилҳои илмию адабӣ ҷашн гирифта мешавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Сентябрь 23, 2024 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст