Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 25.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 («Dushanbe International Tourism Exhibition – DITE 2024) оғоз гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
DITE-2024 бо иқдоми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мусоидати ширкатҳои сайёҳии «Сомон Тревэл», «Кинг Тур» ва «Диёр Тревэл» баргузор мегардад.
Дар ифтитоҳи DІТЕ-2024 намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони корпуси дипломатӣ ва бародаршаҳрҳою аъзои ташкилоту созмонҳое, ки шаҳри Душанбе ба онҳо дохил аст, иштирок намуданд.
Дар DІТЕ-2024, ки 26-27 сентябр дар Маркази Намоишгоҳи байналмилалии Душанбе (Dushanbе Eхро) баргузор мешавад, субъектҳои сайёҳии Тоҷикистон, бахусус шаҳри Душанбе, инчунин бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои шарики он, аз қабили ширкатҳои сайёҳӣ, ҳавопаймоӣ, меҳмонхонаву тарабхонаҳо, муассисаҳои табобативу солимгардонӣ, фарҳангиву таърихӣ ва фароғатӣ маҳсулот ва хизматрасониашонро муаррифӣ менамоянд.
DІТЕ-2024 бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, ташкили бозори сайёҳии минтақа дар шаҳри Душанбе, муаррифии иқтидори бойи табиӣ, сайёҳиву фарҳангӣ ва табобатию солимгардонии мамлакат баргузор мешавад.
Намоишгоҳ инчунин имкони омӯзиши таҷрибаи пешқадам, ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои сайёҳӣ, таҳкими ҳамкории соҳавӣ ва бародаршаҳрӣ, рушди шарикӣ бо субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ ва дар ин замина таҳияи стратегияҳои муштараки сайёҳиро фароҳам меорад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: шуъбаи иттилооти Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид






