ОБОДОНӢ ДАР МАҲАЛ. Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода 33 иншоот бунёд мешавад

Сентябрь 1, 2024 13:38

ДУШАНБЕ, 01.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Барои сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода  бунёди 33 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 22 иншоот ба истифода дода шуда, дар инфрасохтори боқимонда сохтмон идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд.

Дар наздиктарин фурсат дар деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов боз 2 иншооти дигари марбут ба соҳаи маориф ва кишоварзӣ ба истифода дода мешавад.

Инчунин имсол 6 км роҳи нақлиётгарди ин деҳа бо сифати баланд асфалтпӯш гардида, таъмиру навсозии роҳҳои байнидеҳавӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, соҳибкорони маҳаллӣ ва сарҷамъии сокинони деҳот амалӣ мегардад.

Дар иҷрои ин ҳадафи муҳими сокинони маҳал Маркази назорати давлатии роҳҳои автомобилгарди шаҳр низ бо таъмини техника ва мутахассисон барои босифат ба анҷом расонидани корҳои таъмиру навсозии роҳҳо кумак менамоянд.

Бояд гуфт, ки имсол дар шаҳри Турсунзода мумфаршкунии зиёда аз 80 км роҳҳои маҳаллӣ ва дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз беш аз 7 километр роҳи маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Навобод, беш аз 5 километр дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Работ бо сифати баланд ба анҷом расонида шуд. Бо амалӣ гардидани иқдоми навбатӣ дар самти асфалтпӯшкунии 14 километр роҳи Ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмон  масофаи умумии роҳҳои имсол асфалтпӯшгардида зиёда аз 26 километрро ташкил медиҳад.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Сентябрь 1, 2024 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд