«ҶОМИ МЕРДЕКА-2024». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо яккачини Лубнон бозӣ мекунад

Сентябрь 4, 2024 10:26

ДУШАНБЕ, 04.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 4 сентябр дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалили Куала-Лумпур бозиҳои нимниҳоии мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Мердека-2024» баргузор мешаванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар доираи бозии нимниҳоӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо тими миллии Лубнон бозӣ менамояд. Бозӣ соати 16:30 ба вақти маҳаллӣ (13:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

Дар бозии дигари даври нимниҳоӣ дастаҳои Малайзия ва Филиппин бо ҳам бозӣ менамоянд.

Ғолибони даври нимниҳоӣ 8 сентябр дар финали мусобиқот ва дастаҳои мағлубшуда дар бозӣ барои ҷойи сеюм рӯ ба рӯ мешаванд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Сентябрь 4, 2024 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд