«ОЗАР». Дар Тоҷикистон бори аввал Фестивали байналмилалии ҳунармандӣ баргузор мегардад

Сентябрь 11, 2024 16:40

ДУШАНБЕ, 11.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то 3 октябри имсол  дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд Фестивали якуми байналмилалии ҳунармандӣ «Озар» баргузор мегардад, ки дар он  20 узви Раёсати Шурои ҷаҳонии ҳунармандӣ, зиёда аз 40  ҳунарманд аз давлатҳои аъзои Шуро, 80 ҳунарманд аз шаҳри Истаравшан ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Дар ҳошияи Фестивал намоиши маҳсули дасти ҳунармандони давлатҳои аъзои Шурои умумиҷаҳонии ҳунармандӣ, ҳунармандони шаҳри Истаравшан ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, гулгузорӣ дар пояи муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ, маросими супоридани Шаҳодатнома ба шаҳри Истаравшан ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ», шиносоӣ бо мавзеъҳои таърихиву растаҳои ҳунармандон ва Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан дар назар аст.

Имрӯз нахустин ҷаласаи Кумитаи тадорукот оид ба ташкил ва баргузории Фестивали байналмилалии ҳунармандӣ дар шаҳри Истаравшан доир шуда, зимни он рамзи фестивал тасдиқ гардид. Минбаъд дар ҳама маводи  расмии марбут ба фестивал ин рамз истифода карда мешавад.

Рамзи Фестивали байналмилалии ҳунармандии «Озар» аз ситораи равшани ҳашткунҷа, ки ифодагари маънои Истаравшан мебошад, иборат аст. Атрофи ситора бо гулкории ислимӣ ҳаккокӣ шудааст, ки ҳунари бостонии ҳунармандони шаҳри Истаравшан маҳсуб мешавад. Дар қисмати болои рамз расми «Қалъаи Муғ» тасвир ёфта, дар марказ калимаҳои Озар ва Истаравшан бо ҳарфҳои лотинӣ ҷойгир шудаанд, ки марбут ба номгузории фестивал ва ҷойи баргузории он мебошанд. Инчунин дар маркази рамз расми корд ҷой дода шудааст. Дар поёни кунҷи рости дохили рамзи фестивал бо чор ранг рамзи ориёӣ ҳамчун чархи даврзананда инъикос гардидааст.

Ҳамчунин дар зери ситораи ҳашткунҷа бо ҳарфҳои лотинӣ ва забони англисӣ матни «INTERNATIONAL FESTIVAL OF CRAFTS. ISTARAVSHAN-2024» навишта шудааст, ки дар мавридҳои зарурӣ ин матн бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ истифода бурда мешавад.

 АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Сентябрь 11, 2024 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи сафари давлатии Президенти Тоҷикистон дар Улан-Батор Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардиданд
Дар ноҳияи Нуробод намоиши сайёри «Инъикоси обу пирях дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои Созмони ҳамкории Шанхай соҳиби ҷоиза шуд
Имрӯз Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муғулистон баргузор мегарданд
Рӯзи фарҳанги шаҳри Левакант дар фазои идона баргузор гардид
Дар Рӯзи фарҳанги шаҳри Хуҷанд дастовардҳои шаҳр муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Темурмалик доир гардид
«МӮҚАЛАМЕ, КИ ТАЪРИХРО ТАҶАССУМ НАМУДААСТ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Ашур Ҳайдаров ифтитоҳ ёфт
Дар пойтахт рӯзҳои фарҳанги шаҳри Хуҷанд, Левакант ва ноҳияи Темурмалик доир мегардад
Дар Рӯзи фарҳанги ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ пешниҳод гардиданд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Зафаробод баргузор шуд
Дар Рӯзи фарҳанги шаҳри Кӯлоб аз маҳсулоти кишоварзӣ то ҳунарҳои мардумии сокинон муаррифӣ гардид