«ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Маросими ифтитоҳи курси шашуми маҳфили омӯзишӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 28.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» курси шашуми маҳфили омӯзиширо оғоз намуд. Дар он зиёда аз 100 нафар ҷавонони фаъоли муассисаҳои оливу миёнаи касбии мамлакат ва 4 нафар хизматчии давлатӣ ба муҳлати се моҳ ба омӯзиш ҷалб гардиданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, 27 сентябр зимни мароси ифтитоҳи курси омӯзишӣ ҳамоиш доир гардид, ки дар он иштирокчиён нахуст аз ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ёдовар шуда, онро ҷонибдорӣ намуданд.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода иброз дошт, ки курси омӯзишӣ дар баробари Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат», инчунин аз ҳисоби ҷавонони фаъоли маҳал ва минтақаҳо дар назди бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши 68 шаҳру ноҳияҳои мамлакат ташкил гардид.
Гуфта шуд, ки дар рафти баргузории курси омӯзишӣ маърӯзачиён аз ҳисоби роҳбарони аввали вазорату идораҳо даъват гардида, шунавандагони курс давоми се моҳ аз фаъолияти сохторҳои давлатӣ аз наздик шинос мегарданд. Инчунин иштирокчиён баъди хатми курс бо шаҳодатномаи хатм сарфароз гардонида мешаванд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст






