Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт ба фаъолияти корхонаи ресандагии ҶДММ «Саноати Ашт» оғоз бахшиданд

Сентябрь 8, 2024 10:40

ДУШАНБЕ, 08.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 8 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ашт ба фаъолияти корхонаи ресандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Саноати Ашт” расман оғоз бахшиданд.

Корхонаи ресандагӣ нахустин корхонаи ширкати “Саноати Ашт” мебошад, ки бо саҳму иқдоми соҳибкорони ватанӣ Зайналобидин Махсудҷонов ва Манзуралӣ Мамадҷонов бо мақсади коркарди нахи пахта, истеҳсоли маҳсулоти нимтайёру ниҳоӣ ва бунёди ҷойҳои корӣ таъсис дода шудааст.

Таъсису фаъолияти коргоҳу корхонаҳои нав дар афзун намудани маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ, рушди иқтисоди миллӣ, ҳалли масоили иҷтимоӣ, аз ҷумла фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ нақши муҳим доранд.

Ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корхонаи ресандагӣ бо харҷи 64 миллион сомонӣ сармояи дохилӣ бо бунёди иншооти истеҳсолию инфрасохтори саноати сабук, вориду насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир таъсис дода шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорон ва мутахассисони ширкати “Саноати Ашт”-ро дар таъсиси ин корхонаҳои саноатӣ, ки саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва истиқболи арзанда аз ҷашни фархундаи 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, шоиста арзёбӣ намуданд.

Дар корхонаи навтаъсис коркарди нахи пахта ва истеҳсоли ришта бо технологияи пешрафта ба роҳ монда шудааст.

Таҷҳизоти технологӣ сохти ширкати “Рифа”-и давлати Италия аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шудааст, ки технологияи нави соҳа мебошад.

Иқтидори истеҳсолии солонаи корхона коркарди зиёда аз 5 ҳазор тонна нахи пахта ва истеҳсоли ришта аз он мебошад.

Бо фаъолияти корхонаи ресандагӣ беш аз 350 нафар сокини деҳоти ноҳияи Ашт бо кори доимии баландмузд таъмин гардиданд, ки аксари коргарону мутахассисонро занону духтарон ташкил медиҳанд.

Коркарди нахи пахта, истеҳсоли маҳсулоти нимтайёру ниҳоӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати кишвар ва бахши муҳими ҳадафи стратегӣ — саноатикунонии босуръати Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Истеҳсоли маҳсулоти ресандагӣ, бофандагӣ ва маҳсулоти ниҳоӣ – дӯзандагӣ омили афзун гардидани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти соҳаи саноати сабук ва манфиат ба иқтисоди миллист.

Дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд баҳри иҷрои барномаҳои Ҳукумати кишвар оид ба рушди пахтакорӣ чорабиниҳо амалӣ гардида, тайи солҳои охир ҳаҷми истеҳсоли пахта зиёд карда шудааст. Истеҳсоли солонаи пахта дар ноҳия ба 15-16 ҳазор тонна ва нахи пахта ба зиёда аз 6 ҳазор тонна расидааст.

Ноҳияи Ашти вилояти Суғд минтақаи рушдёбандаи аграрию саноатӣ маҳсуб меёбад.

Бо таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати кишвар ноҳияи Ашт давоми солҳои соҳибистиқлолӣ тараққӣ ёфта, баҳри рушди минбаъда дар ноҳия имконияту иқтидорҳо зиёд мешаванд.

Дар асоси барномаҳои давлатӣ ва иқдомҳои соҳибкорону сармоягузорон дар ноҳия лоиҳаҳои нав тарҳрезӣ ва татбиқу амалӣ карда мешаванд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 лоиҳаи рушди ноҳияи Ашт пешниҳоду муаррифӣ гардид.

Лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо иқдоми соҳибкорону мутахассисони ватанӣ дар соҳаи саноат татбиқ карда мешаванд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Саноати Ашт” дар асоси нақшаҳои тиҷоратӣ-истеҳсолӣ 4 адад корхонаю коргоҳҳои нав бунёд менамояд.

Дар корхонаи ресандагӣ коргоҳҳои бофандагӣ ва рангубори матоъ таъсис дода мешаванд, ки бо ин ҷараёни пурраи коркарди нахи пахта дар ширкати “Саноати Ашт” ба вуҷуд оварда мешавад ва ин саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати иқтисодии Ҳукумати кишвар оид ба афзун намудани ҳаҷми коркарди нахи пахта дар дохили кишвар ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз нахи пахта мебошад.

Татбики 2 лоиҳаи дигар — бунёди заводи истеҳсоли асфалт ва коргоҳи истеҳсоли қуттиҳои пластикӣ имконият медиҳад, ки дар ноҳияи Ашт самти нави саноат таъсис дода шуда, талаботи иқтисодиёти ноҳия бо маҳсулоти ин коргоҳҳо таъмин гардад. Зеро дар ноҳияи Ашт истеҳсоли асфалти гарм алҳол мавҷуд нест ва талабот ба қуттиҳои пластикӣ барои меваҳои тару тоза ва хушконида зиёд мебошад.

Дар ноҳияи Ашт масоҳати боғҳо то ба 18 ҳазор гектар расида, меваи боғоти ноҳия, хусусан зардолуи тару тоза ва хушконида аз иқтидорҳои калони содиротӣ мебошад.

Аз ҷониби ширкати “Шарбати Ашт” лоиҳаи бунёди корхонаи бастубанд ва коркарди зардолу бо иқтидори истеҳсолии 1000 литр афшураи зардолу дар як соат, бастубанди 20 тонна зардолуи тару тоза дар 1 баст ва 10 тонна меваи хушконида дар 1 баст муаррифӣ карда шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаҳои иншооти корхонаю коргоҳҳои саноатӣ шинос шуда, иқдоми соҳибкорони ватаниро арзанда арзёбӣ намуданд.

Таъкид ёфт, ки иқдоми Ҳукумати кишвар оид ба эълони ҳадафи чоруми миллӣ – саноаткунонии босуръати кишвар аз ҷониби соҳибкорону сармоягузорони ватанӣ дастгирии комил ёфтааст ва дар татбиқи ҳадафҳои рушди иқтисодиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз соҳибкорони ватандӯст саҳму ҳиссаи калон доранд.

Ба сохтмони ҳамаи ин 5 корхонаю коргоҳ соли 2025 оғоз бахшида мешавад ва ин лоиҳаҳо давоми солҳои 2025-2027 татбиқ карда хоҳанд шуд, ки саҳми арзандаи соҳибкорону сармоягузорон маҳсуб меёбад.

Ба татбиқи ин лоиҳаҳо беш аз 100 млн. сомонӣ сармояи дохилии соҳибкорони ватанӣ хоҳад шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки иқдомҳои соҳибкорон оид ба татбиқи лоиҳаҳои бунёди корхонаю коргоҳҳои саноатӣ ба рушду пешрафти минбаъдаи ноҳияи Ашт заминаи воқеӣ хоҳанд гузошт.
Ифтитоҳи корхонаи ресандагӣ ва муаррифии лоиҳаҳо дар ҶДММ “Саноати Ашт” дар ноҳияи Ашт 08.09.2024

Сентябрь 8, 2024 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Ашт
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Ашт мулоқот намуданд
Доир ба нақши Истиқлолият дар рушди библиографияи миллӣ ва такмили фондҳои китобӣ ҳамоиш доир шуд
Хизматчиёни давлатии Тоҷикистон дар рушди идоракунии давлатӣ саҳми арзанда доранд
Дар шаҳри Панҷакент бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатӣ якчанд иншоот ифтитоҳ шуд
Дастаи «Хатлон-2» соҳиби «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» гардид
Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҷашни Истиқлоли давлатиро таҷлил намуданд
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт корхонаҳои дӯзандагӣ, ҷӯроббофӣ ва коргоҳи пойафзолдӯзиро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт ба ятимон туҳфаҳои идона тақдим намуданд
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Он барои миллати тоҷик эҳёи навин, ҳосили хиради зотӣ ва подоши сазовори таърихӣ мебошад
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Абдуҷаббор» шинос шуданд
33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ корхонаи саноатӣ, бунгоҳи тиббӣ ва бинои баландошёна ба истифода дода шуд