Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаи идона ба ифтихори 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд

Сентябрь 9, 2024 20:00

ДУШАНБЕ, 09.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 9 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар тантанаи идона ба ифтихори 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони сарбаланди вилояти бостонии Суғдро ба ифтихори ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ — Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфтанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз роҳи пуршебу фарози тайкардаи мардуми кишвар давоми 33 соли соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки «Тоҷикистон ба шарофати истиқлол аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёри демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эътироф гардид ва ба узвияти кулли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуд».

Ба андешаи Президенти кишвар «Истиқлол барои мо иззату шарафи инсонӣ, нангу номуси миллӣ ва гузашта аз ин, бузургтарин дастовард ва муқаддастарин неъмат мебошад».

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки шаҳрвандони кишвар ҳар як ҷашни милливу давлатии худ, хусусан, ҷашни истиқлолу озодии Ватани маҳбуби хешро бо заҳмати созанда ва дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд.

Аз ҷумла, дар вилояти Суғд тибқи нақша то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва таъмиру азнавсозии 12 ҳазор иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ пешбинӣ гардида, ба ҳолати 1 августи соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёду таҷдиди 6700 иншоот ба анҷом расонида шудааст.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар натиҷаи роҳандозӣ гардидани раванди созандагиву ободонӣ имрӯз симои ҳамаи 18 шаҳру ноҳияи вилоят куллан дигаргун гардида, тарҳи зебову замонавӣ гирифтааст.

Таъкид карда шуд, ки умуман, тайи даврони соҳибистиқлолӣ дар доираи татбиқи зиёда аз 75 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар вилояти Суғд беш аз 13 миллиард сомонӣ аз худ карда шудааст. Ҳоло дар вилоят боз 18 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ мешавад, ки маблағи умумии дар доираи онҳо то имрӯз азхудшуда зиёда аз 2 миллиарду 200 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар фароварди суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки сокинони сарбаланди вилоят бо шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва сулҳу суботи комили Тоҷикистони маҳбубамон чун ҳарвақта софдилона заҳмат кашида, дар ободии Ватан, пешрафти давлат ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии ҳар як оила саҳми арзишманд мегузоранд.

Баъди суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тантанаи идонаро ба муносибати солгарди 33-юми Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи бошукуҳ ва рангини консертӣ идома дод.

Устодони санъат ва ҳунармандон бо таҳияи чорабинии фарҳангӣ дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ва музаффариятҳои мардумро зебову дилрабо таҷассум намуданд.
Иштирок дар тантанаи идона ба ифтихори 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд 09.09.2024

Сентябрь 9, 2024 20:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар 7 соли охир дар Тоҷикистон беш аз 2600 корхонаи саноатӣ ба фаъолият оғоз намудааст
Шарҳи амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2026
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
СОЛИ 2026 – СОЛИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Сарзамини куҳанбунёд, аммо тозаистиқлоли мо 35-сола мешавад
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои нави маъмурӣ ва хобгоҳро дар қисми ҳарбии 3503-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои иловагии таълимии Коллеҷи тиббии инноватсиониро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро ифтитоҳ намуданд