Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Директори идории Бонки Ҷаҳонӣ оид ба амалиётҳо Анна Бйерде мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 23.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 23 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо Директори идории Бонки Ҷаҳонӣ оид ба амалиётҳо хонум Анна Бйерде мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ниҳоди бонуфузи байналмилалӣ баррасӣ гардид.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Бонки Ҷаҳониро яке аз шарикони асосии рушди кишвар номида, аз ҳамкории босамар бо он изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки дар тӯли 31 соли ҳамкории дуҷониба бо дастгирии молиявии Бонк дар Тоҷикистон 116 лоиҳаи афзалиятнок дар соҳаҳои иҷтимоӣ, нақлиёт, энергетика ва кишоварзӣ ба маблағи умумии 2,9 миллиард доллар татбиқ шудааст.
Масоили ҷалби маблағ барои татбиқи тарҳҳои рушди иқтисоди миллӣ ва таъмини ҳадафҳои иҷтимоии кишвар, ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноат, дастрасӣ ба “энергияи сабз” ва рушди “иқтисоди сабз” аз мавзуъҳои умдаи суҳбат буд.
Ба Бонки Ҷаҳонӣ барои пешсафӣ ва иқдомҳои амалиаш дар раванди маблағгузории сохтмони Неругоҳи “Роғун” изҳори сипос карда шуд.
Ҳамчунин, оид ба пешгирӣ ва коҳиш додани таъсири омилҳои гуногуни беруна ба иқтисодиёти Тоҷикистон, ҷалби маблағҳои иловагӣ ва идомаи раванди ислоҳот, табодули андеша сурат гирифт.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дорои захираҳои фаровони табиӣ, бахусус барои тавлиди энергияи барқароршаванда ва рушди кишоварзӣ мебошад ва зарур аст, ки барои истифодаи босамар аз ин имконот дастгириҳои байналмилалии молиявию техникӣ афзун гардад.
Ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд






