Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Канслери федералии Олмон Олаф Шолтс мулоқот намуданд

Сентябрь 17, 2024 10:20

ДУШАНБЕ, 17.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 17 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳошияи Нишасти дуюми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон бо Канслери федералии Олмон Олаф Шолтс мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили тавсеаи робитаҳои дуҷониба ва ҳамкории минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат аз вусъати ҳамкории Тоҷикистон бо Олмон ва дигар кишварҳои Аврупо, инчунин таваҷҷуҳи рӯзафзуни доираҳои иқтисодии Олмон ба Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Саҳми назарраси Ҷамъияти олмонии ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) ва Бонки олмонии рушд (KfW) дар татбиқи стратегияҳои милии кишвари мо таъкид гардид.

Ҷонибҳо оид ба идомаи ҳамкории босамар дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, саноат, гидроэнергетика, энергияи офтобӣ ва бодӣ, нақлиёт ва кишоварзӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо арзи сипос аз ҳиссагузории Олмон дар сохтмони неругоҳҳои “Тоҷикистон” ва “Себзор” дар Бадахшон, ҳамчунин, навсозии неругоҳи Норак ёдовар шуда, изҳори бовар намуданд, ки ин таҷриба метавонад дар сохтмони неругоҳи Роғун низ идома ёбад.

Истихроҷу коркарди маъданҳо, бахусус элементҳои нодири он ва густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ, содироти маҳсулоти ин бахшҳо аз Тоҷикистон ба Олмон, аз ҷумлаи самтҳои ояндадор номида шуд.

Олаф Шолтс изҳор дошт, ки Олмон ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар бахшҳои энергетика, аз ҷумла гидоэнергетика ва дигар манбаъҳои неруи “сабз”, саноати кӯҳӣ, ҳифзи муҳити зист ва дар масоили амниятӣ манфиатдор аст.

“Мо ширкатҳои дорои нуфузи ҷаҳонии Олмонро ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ташвиқ менамоем” – таъкид намуд Олаф Шолтс.

Роҳҳои ҳалли мушкилоти глобалии марбут ба оби ошомиданӣ ва обшавии пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва амнияти озуқаворӣ аз мавзуъҳои дигари мулоқот буд.

Таъкид карда шуд, ки бо назардошти рағбати зиёди ҷавонони Тоҷикистон, кишвари мо ҷиҳати ҷорӣ намудани барномаҳои таълимии забономӯзию касбӣ омодаи тавсеаи ҳамкорӣ бо Олмон аст.

Дар мулоқот, ҳамчунин, доир ба масоили амну субот дар минтақа ва ҷаҳон, мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар фароварди мулоқот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Канслери федералии Олмон Олаф Шолтс даъват намуданд, ки барои анҷоми сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф биёранд.

Мулоқот бо Канслери федералии Олмон Олаф Шолтс 17.09.2024

Сентябрь 17, 2024 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб
Идомаи вуруди табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Зодрӯзи Пешвои миллат
Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди маҷмааи нассоҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб санги асос гузоштанд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон