Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши муқаддамотии «Даъвати глобалии Саммити Оянда» иштирок намуданд

Сентябрь 13, 2024 16:01

ДУШАНБЕ, 13.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши муқаддамотии “Даъвати глобалии Саммити Оянда”, ки аз ҷониби ҳамоҳангсозони он – Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва Ҷумҳурии Намибия дар доираи раванди омодагӣ ба “Саммити Оянда” баргузор гардид, ба таври маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Хотиррасон мешавем, ки “Саммити Оянда” рӯзҳои 22-23 сентябри соли равон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир мегардад.

Дар ҳамоиши муқаддамотӣ дар доираи раванди омодагӣ ба “Саммити Оянда” ҳамчунин роҳбарони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Туркия, Австрия, Швейтсария, Бразилия, Алҷазоир, Ботсвана, Перу, Молдова, Филиппин, Ҷумҳурии Корея, Куба, Кипр, Миср, Гватемала, Кения, Латвия, Литва, Ветнам, Зимбабве, сарвазирони Арманистон, Покистон, Канада, Нидерланд, Шветсия, Норвегия, Сингапур, Малайзия, Булғористон, Хорватия, Дания, Гурҷистон, Юнон ва дигар кишварҳои аъзои СММ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки зарурати даъвати “Саммити Оянда” аз таҷлили 75-умин солгарди таъсисёбии СММ дар соли 2020 асос мегирад. Он замон кишварҳои аъзои созмон аз Дабири кулли СММ даъват намуданд, ки камбудӣ ва мушкилотро дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ муайян намуда, роҳҳои ҳалли муносиби онро тавсия диҳад.

Дабири кулли СММ дар вокуниш ба ин дархости кишварҳои аъзои созмон “Рӯзномаи умумии мо” (Our Common Agenda)-ро бо таваҷҷуҳ ба зарурати тақвият бахшидани раванди татбиқи “Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор” муаррифӣ намуда, барои гузаронидани “Саммити Оянда”, ки чанд рӯз баъд баргузор мегардад, иқдом гирифт.

Бояд таъкид кард, ки Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва Ҷумҳурии Намибия тариқи намояндагиҳои доимии худ дар СММ раванди таҳия ва ҳамоҳангсозии санади ниҳоии “Саммити Оянда”-ро, ки мушкилот ва таҳдиду чолишҳои замони муосир, аз ҷумла мавзуъҳои обу иқлимро фаро мегирад ва ин мавзуҳо дар сиёсати байналмилалии Тоҷикистон мақоми меҳварӣ дорад, роҳбарӣ намуданд.

Сентябрь 13, 2024 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Вашингтон шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Давҳаи Давлати Қатар шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон