Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба фаъолияти Ҳавзи обсофкунӣ оғоз бахшиданд

Сентябрь 5, 2024 10:58

ДУШАНБЕ, 05.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пахши тугмаи рамзӣ ба фаъолияти Ҳавзи обсофкунӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оғоз бахшиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳавзи мазкур бо мақсади баланд бардоштани некуаҳволии сокинон бо роҳи беҳсозии идоракунии низоми обёрии хоҷагиҳо дар ҳавзаи дарёи Панҷ, дар минтақаи гурӯҳи ноҳияҳои Фархору Ҳамадонӣ ва Восеъ сохта шуд.

Аз нуқтаи назари ҷуғрофӣ ноҳияи Ҳамадонӣ дар минтақаи пасттар аз сатҳи маҷрои дарёи Панҷ ҷойгир аст ва аз ин сабаб мавзеи мазкур қаблан борҳо аз боришоту обхезӣ хисорот дидааст. Бояд гуфт, ки дарёи Панҷ яке аз дарёҳои серлойи ин минтақа ба ҳисоб меравад ва он сарчашмаи обгирии сарҷӯи “Чубек” мебошад. Ҳамасола аз дарёи Панҷ ба сарҷӯи “Чубек” ба миқдори 700 ҳазор метри мукааб ҷинсҳои омехтаи обовард ворид гашта, ҷӯйҳои обёрикунандаро пур мекунад. Ҳамасола мардум бо заҳмат ва харҷи зиёд ҷӯю ҷӯйчаҳоро аз ҷинсҳои обовард тоза мекунанд. Аз ин рӯ, моҳи июли соли 2020 дар доираи лоиҳаи «Идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ» масъалаи рафъи таъсири хатарҳои эҳтимолии табиӣ барои аҳолӣ ба миён гузошта шуд.

Лоиҳаи мазкур бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, аз ҷумла  Бонки Осиёии Рушд татбиқ гардид.

Паймонкори лоиҳа ҶСК «ТГЭМ» буда, бо ҷалби беш аз 400 нафар муҳандисону мутахассисони маҳаллӣ сохтмони обанбори обсофкунии навъи кӯл дар ноҳияи Ҳамдониро бо сифати баланд ба иҷро расониданд.

Дар доираи амалишавии лоиҳа сохтмони обанбор, мустаҳкамнамоии соҳили минтақа ва инчунин, навсозии пойгоҳи обкашӣ анҷом дода шуд.

Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот аз 1 октябри соли 2020 оғоз гардида,  корҳои сохтмонӣ то 30 марти соли 2023 ба анҷом расонида шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки Чубек дар байни шабакаҳои обёрии ҳавзаи дарёи Панҷ калонтарин буда, масоҳаташ 50 ҳазору 160 гектарро ташкил медиҳад.

Азбаски дар ин минтақа соҳаи кишоварзӣ асоси таракққиёти иқтисодӣ мебошад, бунёди иншооти мазкур натанҳо аҳаммияти иқтисодӣ, балки иҷтимоӣ низ дорад, зеро он бештар аз 60 дарсади аҳолиро бо кор таъмин мекунад.

Дар сохтмони иншоот беш аз 80 техникаву механизми гуногун истифода шудааст.

Муҳандисону бинокорон барои солиёни дароз хизмат намудани иншооти обтаъминкунӣ корҳои сохтмониро бо сифати баланд анҷом додаанд.

Дар доираи лоиҳа ҳамчунин 2 пули мошингузар сохта шуда, ҷиҳати бо барқ таъмин намудани иншоот ба масофаи зиёда аз 12 километр хатти интиқоли барқ кашида шуда, 2 трансформатори 100 киловолта насб гардидааст.

Ифтитоҳи ҳавзи обсофкунӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 05.09.2024

Сентябрь 5, 2024 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басманда хатти оби полезиро ифтитоҳ намуданд ва бо лоиҳаи заминҳои кишти картошкаи ноҳияҳои Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич 5 кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, толори варзишӣ ва бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии “Ёсуман”-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи пойафзол ва маводи шустушӯии «Раҳматулло»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Маркази саломатии деҳаи Қалъаи Дӯстиро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони шаҳри Панҷакент мулоқот намуданд
Cуханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони шаҳри Панҷакент
Дар шаҳри Турсунзода майдончаи нави варзишӣ ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент бо фаъолияти гармхонаи Моғиён-Агро шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент корхонаи истеҳсоли шиферро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент Беморхонаи минтақавиро ифтитоҳ намуданд