Соҳаҳои маорифу тандурустии шаҳри Турсунзода ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 омода мешаванд
ТУРСУНЗОДА, 25.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бобати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025» нақшаи чорабиниҳо таҳия намуда, тамоми имконотро ба амалӣ гардонидани он равон намудааст. Дар ин хусус ба мухбири АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.
Тибқи иттилои муовини мудири шуъбаи маорифи шаҳри Турсунзода Фурқат Саидов, то имрӯз дар муассисаҳои таълимии шаҳр 668,5 тонна ангишт, 400 метри мукааб ҳезум ва сӯзишвории дизелӣ захира шудааст, ки 100 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Шишабандии муассисаҳои таълимӣ хуб ба роҳ монда шуда, дар айни замон 12 дегхона дар ҳолати корӣ мебошанд. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Турсунзода 510 гармкунаки барқӣ ва 1360 бухорӣ захира карда шудааст, ки ҳамаи онҳо дар ҳолати корӣ қарор доранд.
Дар анбори Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода барои дар сатҳи баланд гузаронидани мавсими зимистон орд, равған, шакар, биринҷ, картошка, сабзӣ, пиёз ва дигар намуд маҳсулоти хӯрокворӣ захира карда шудааст. Ҳамчунин дар марказҳои саломатии деҳоти шаҳр ва бунгоҳҳои тиббӣ 83,6 тонна ангишт, 40 метри мукааб ҳезуми хушк ва сӯзишвории дизелӣ захира гардидааст. Ҳамаи иншооти соҳаи тандурустӣ бо гармкунакҳои барқӣ ва бухорӣ таъмин мебошанд.
Сармутахассиси шуъбаи хазинадории Раёсати молия дар шаҳри Турсунзода Файзалӣ Қурбонов иброз дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025» аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ 712 ҳазору 173 сомонӣ маблағ гузаронидааст, ки ба 100 фоизи нақшаи пешбинишуда баробар мебошад.
Талаботи аҳолию ташкилот барои захираи ангишт дар шаҳри Турсунзода панҷ ҳазор тонна ангиштро ташкил медиҳад. То имрӯз соҳибкорон дар 28 нуқтаи фурӯш 2500 тонна ангишт захира намуда, ба аҳолӣ мефурӯшанд. Ҳоло захиранамоии ангишт идома дорад.
Дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр барои таъмини аҳолӣ бо маводи сӯхт 52 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ба сокинон ба таври шабонарӯзӣ хизмат мерасонад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд






